Овозаи ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — чоп ва эҳдои «Шоҳнома» ба ҳар як оилаи Тоҷикистон сарҳади кишварро гузашт. Хоса, дар Эрон ғулғула афканд. На танҳо миёни тоҷикон, балки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои форсизабони дунё истиқболи бесобиқа ёфт. Форсизабонони ҷаҳон, ки аз «Шоҳнома» асли хешро пайдо кардаанд, ба Пешвои миллати мо дуруд фиристоданд.
«Шоҳнома» ҳамосаи миллии мардуми ориёӣ мебошад. Он шоҳкории адабиёти ҷаҳон эътироф шуда, дӯстдорону ошиқони бешумор дорад. Муҳаққиқон онро бузургтарин ҳамоса дар ҷаҳон эътироф кардаанд, ки ба қалами як шахс тааллуқ дорад.
«Шоҳнома» асари ҳувиятсоз аст. Ҳамосаест ягонагӣ, далерӣ, озодӣ, ишқ, садоқат, ватандӯстӣ, қаҳрамонӣ ва хираду адолатро фаро мегираду тарғиб менамояд. Аз зуҳури маърифату фарҳанг ҳикоя мекунад. Ин маъниро муҳаққиқон К. Айнӣ ва З.Аҳрорӣ дар мақолаи худ «Дар бораи «Шоҳнома», нусхаҳои асосӣ ва нашрҳои комили он», ки дар пешгуфтори нашри сеюми «Шоҳнома» ҷой дода шудааст, таъкид намудаанд: «Китоб шореҳи сарнавишти пурмоҷарои инсони боҳушу фарҳанг, мубориз ва диловар, ватанпараст, номаи розу ниёз, набарду пирӯзӣ, ваҳдат ва ҳамбастагии халқҳо дар набард бо деви бе доду ситам, зулмат ва зиштию дадманишӣ, башардӯстӣ, дастури касби хулқу атвори ҳасана, ҳамосаи азамат, хирад ва заковат, достони ишқи безавол, таърихи суннат ва анъаноти писандидаи мардум мебошад».
Ҷолиб ин аст, ки ин мавзуъҳо дар адабиёти ҷаҳон ҷовидонӣ мебошанд ва дар ҳеҷ давру замон арзиши худро аз даст надодаанд. Ин махсусият муҷиби ҳазорсолаҳо миёни мардум зинда мондани «Шоҳнома» низ мебошад.
Воқеан, асли худро ҷустан, дарёфтану шинохтанро, ки як роҳи расидан ба камоли инсонию маънавӣ арзёбӣ мешаванд, дар симои бисёре аз персонажҳои асосии «Шоҳнома» метавон мушоҳида кард. Ин маънӣ гоҳе ошкор асту гоҳе ниҳон. Масалан, вақте Суҳроб даҳсола мешавад, дарк менамояд, ки бо нерую ҷуссаи бузурги худ аз ҳамсолонаш тафовут дорад. Асли хешро ҷӯё мешавад ва аз модараш Таҳмина суол мекунад:
Зи тухми киям в-аз кадомин гуҳар?
Чӣ гӯям, чу пурсад касе аз падар?
Ва аз модар чунин посух мешунавад:
Ту пури гави пилтан — Рустамӣ,
Зи дастони Сомиву аз Найрамӣ.
Суҳроб аз ин посухи модар огоҳ мегардад аз тухмаи кист, аммо манзури Ҳаким Фирдавсӣ аз тасвиру баёни воқеа танҳо худшиносии фардӣ нест, балки аз ин роҳ то ба худшиносии миллӣ ё шинохти миллат расидан аст.
Аз воқеаҳое, ки дар «Шоҳнома» мегузаранд, метавон дарёфт, ки ватандӯстӣ, пеш аз ҳама, дар хидмат кардан ба Ватан, боло гузоштани манфиатҳои Ватан аз манфиатҳои шахсӣ, барои ҳимояи он ҳамеша ва дар ҳама ҳолат омода будан, пос доштани оину суннатҳои ниёгон зоҳир мегардад. Ҳамин ҳақиқатро дар пасманзари достони «Хашм гирифтани Ковус бар Рустам» метавон дид.
Ҳаким Фирдавсӣ муҳаббати воқеиро омили бунёди дӯстӣ, осоиши рӯҳу рӯзгори босаодати инсонҳо медонист ва онро тараннум мекард. Ӯ аз ин роҳ расидан ба ҷомеаи ормониро, ки дар ҳама давраҳо орзуи инсонҳо будааст, саҳл шумурд. Ин розро дар ишқи беолоиши Зол ва Рудоба метавон дид. Хонанда дар достон садоқату устуворӣ, ки ҳатто қудрати барҳам задани қувваи аҳриманиро дорад, мебинад. Зол писари Соми Наримон — паҳлавони Сиистон, фармонравои Бобулистон, ба Рудоба, духтари Меҳробшоҳи Кобулистон ва малика Синдухт, ки аз нажоди Заҳҳок асту аз азал бо ҳам душман, ошиқ мешавад. Кинаю адоват ва қасосгирии ду қавм садди ишқи онҳо шуда наметавонад. Ҳамин тавр, Зол ва Рудоба ба висоли ҳам мерасанд, ки аз онҳо Рустам ба дунё меояд. Яъне, агар муҳаббат самимӣ бошаду орӣ аз адоват, қодир аст нифоқро аз байн барад, муҷиби пирӯзии некӣ бар бадӣ гардад.
Аз «Шоҳнома» дармеёбем, ки мардум дар замони шоҳони каёнӣ Каюмарс, Ҳушанг, Ҷамшед, Фаридун оташро кашф карданд, унсурҳои маданият, тарзи зиндагӣ, тайёр кардани хӯроку пӯшок, хонасозӣ, ҳунари бофандагӣ, силоҳсозӣ, зироаткорӣ ва амсоли инро омӯхтанд. Асар, ҳамчунин, ба мо аз таърихи пайдоиши ҷашнҳои қадимии мардумиамон Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон, ки ҳоло онҳоро чун нишоне аз ниёгон ботантана ҷашн мегирем, маълумоти муфид фароҳам меорад.
«Шоҳнома» асарест, ки бо мутолиаи он метавон парда аз рӯи бисёр асрор бардошт. Он ба инсон, сарфи назар аз қавму нажод, ватандӯстӣ, қаҳрамонию бедорӣ, зиракии сиёсӣ, адолат ва хислатҳои некро талқин менамояд. Муроди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нашр ва ба ҳар як оилаи кишвар тақдим намудани асар парваридани ҳамин сифатҳои нек дар замири онҳо мебошад, ки дар замони муосир иқдоми саривақтию наҷиб ва боиси ҷонибдорию таҳсин аст.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»