Дар ин бора 7 июни соли ҷорӣ Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ қарор қабул кард.
Дар қарор инчунин қайд шудааст, ки рӯзи ҷумъа, 15 июн соати шаши субҳ дар масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон намози ид баргузор мегардад. Сипас, мувофиқи суннат одамон дар оромгоҳҳо ва манзилҳои истиқоматӣ ба хотири шод шудани арвоҳи гузаштагон дуову фотеҳа менамоянд. Аёдати наздикон, дӯстон, табрикоти якдигар аз ҷумлаи амалҳоест, ки мусулмонон дар ин рӯз анҷом медиҳанд.
Бамаврид аст зикр намоем, ки Иди саиди Фитр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки 2 январи соли 2018 ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид, ҳар сол дар рӯзи аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқарраршуда таҷлил мешавад.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»