вале масъулини соҳа бояд дарк намоянд,ки «бо як гул баҳор намешавад»
Филми «Муаллим», ки коргардонаш директори киностудияи «Тоҷикфилм» Носир Саидов ва муаллифаш Сафар Ҳақдодов мебошанд, дар кинофестивали байналмилалӣ дар Австрия барандаи ҷоизаи бахши «Беҳтарин филм» гардид. Филми фавқуззикр дар кинофестивали байналмилалии Инсбруки Австрия, ки аз 2 то 7 июни соли ҷорӣ баргузор шуд, ба ҷоизаи зикршуда сазовор дониста шудааст. Носир Саидов ба журналистон гуфтааст, ки дар маросими тақдими ҷоиза, ки рӯзи ҳафтуми июни соли равон баргузор шуд, муаллифи филмнома Сафар Ҳакдодов иштирок кардааст.
Тибқи иттилои аз сомонаи расмии фестивал дастрасшуда, маблағи ҷоиза 5,5 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки ҷоизаи мавриди назар аз миёни филмҳои аз кишварҳои қитъаҳои Осиё, Африқо, Аврупо ва Амрикои Лотинӣ пешниҳодшуда, маҳз насиби филми «Муаллим» шуд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ин дувумин ҷоизаи байналмилалии филми «Муаллим» давоми соли ҷорӣ аст. Аз ин пештар Марат Орифов — иҷрокунандаи нақши асосии филм дар ҷашнвораи байналмилалии «Фаҷр» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон «Актёри беҳтарин» дониста шуда буд. Ба маълумоти хонандагони закии рӯзнома мерасонем, ки филми «Муаллим» ҳаёт ва фаъолияти пур аз шебу фарози омӯзгорро дар солҳои навадуми асри гузашта хеле хуб бозгӯйӣ намудааст. Ин филм аз ҷониби Киностудияи «Тоҷикфилм» таҳия шуд, нақшҳои асосиро Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Марат Орифов ва Маҳнози Афшор — ҳунарманди эронӣ иҷро кардаанд. Абдулкарим Машрабов ва Фаридун Раҳматов низ аз иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ дар ин филм маҳсуб меёбанд. Ёдовар мешавем, ки филми мазкур моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шуд ва аз тарафи мутахассисони соҳа баҳои баланд гирифт. Шоҳиди он ҳастем, ки рушди кинои тоҷик давоми солҳои охир дар маркази диққати сохторҳои марбута қарор гирифта, барои Киностудияи «Тоҷикфилм» харидорӣ гардидани таҷҳизот ва дастгоҳҳои замонавии банаворгирӣ далели возеҳи ин гуфта буда метавонад.
Муҳимияти масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, зимни ироаи Паёми худ ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат- Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минҷумла чунин зикр карданд: «Дар ин росто, кинои тоҷик ба рушди ҷиддӣ ниёз дошта, филмҳои ҳозиразамони мустанаду бадеӣ, ки гузаштаву имрӯзро воқеъбинона инъикос намоянд, масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро тасвир созанд ва ахлоқи ҳамидаву анъанаҳои неки халқамонро тарғиб кунанд, кам ба назар мерасанд. Бинобар ин, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқҳои эҷодӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ҷиҳати таҳияи асарҳои нави саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихӣ чораҳои зарурӣ андешанд».
Таъкидҳои Роҳбари мамлакат оид ба масъалаи мавриди назар асоси воқеӣ дошта, ҳар чӣ зудтар амалӣ шуданашон муҳим, саривақтӣ ва заруру ногузир аст, зеро дар шароити кунунӣ, ки бархӯрди манфиатҳо ба авҷи аълои худ расидаву гурӯҳҳои ифротгаро пайи ҷалби ҷавонон «камари ҳиммат» бастаанд, таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ба василаи асарҳои нави саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихӣ амри муҳиму зарурист.
Ҳарчанд ки аз ироаи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии кишвар қариб панҷ моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам, вале мо иқдомоти ҷиддиеро вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои фавқуззикр аз ҷониби масъулин шоҳид нашудем. Шояд масъулини соҳа муътақиданд, ки «бо як гул баҳор мешавад».Саволест посух мехоҳад. Аммо на посухи подарҳаво, балки ҷавоби асоснок, ки бо далелу арқоми муътамад «ороиш» ёфтааст. Мунтазир мешавем.
Д. Мерган, «Садои мардум»