Ӯ дар солҳои мактабхонӣ бо адабиётшиноси маъруфи тоҷик, муаллифи китоби машҳури таълимии «Санъати сухан», яке аз муаллифони асосии «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва ба қавли ҳамзамононаш «дасти рости устод Айнӣ» Турақул Зеҳнӣ ҳамнишин будааст.
Баъд аз хатми синфи ҳашт дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон («Ирфон»-и имрӯза) ба кор пазируфта шуда, дар паҳлуи устодоне чун Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҳошим, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Расул Ҳодизода, Нодир Шанбезода, Пӯлод Толис, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Абдумалик Баҳорӣ, Ҳабиб Аҳрорӣ ва монанди инҳо заҳмат кашида, аз таҷрибаву суҳбатҳои онҳо баҳравар гаштааст.
Солҳои кор дар нашриёт саодати дидору гуфтугӯ ҳатто бо устоди зиндаёд Садриддини Айнӣ муяссар шудааст.
Соли 2014 асари ёддоштӣ бо номи «Дар байни устодон» ба табъ расонд, ки нависанда ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик Адаш Истад худи ҳамон сол дар матлаби хеш онро чунин арзёбӣ намудааст: «Муҳобот нахоҳад шуд, агар бигӯем, ки ин китоб баъд аз «Ёддоштҳо»-и Айнӣ мақоми устувори худро дар адабиёти тоҷик пайдо хоҳад кард»…
Сухан дар бораи ҳамкори арҷманди мо Нарзӣ Обидов меравад, ки пеш аз нафақа 22 сол (то 79-солагӣ) дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси тарҷумон фидокорона заҳмат кашидааст. Имрӯз аз даргузашти ҷигарсӯзи эшон 40 рӯз сипарӣ шуд.
Ӯро дар Маҷлиси намояндагон қариб ҳама устод ном мебурданд, зеро, дар ҳақиқат ҳам, устод буданд: ҳам дар тарҷума, ҳам дар таҳрир ва ҳам дар иншо. Нозукиҳои тарҷумаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо тамоми ҷузъиёташ медонистанд ва ба ниёзмандон бедареғ меомӯхтанд. Кормандони Маҷлиси намояндагон ҳар кадом аз устод хотироти хуш ба ёдгор доранд…
Нарзӣ Обидов соли 1961 факултети таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. То ва баъд аз донишгоҳ дар ҳар ташкилоту муасисае, ки кор кардааст, бо заҳмати ҳалол ва дили соф обрӯву эътибор касб карда, то охири умр аз қаламу дафтар ва кори эҷоду таҳрир нафасе ҷудо нашудааст.
Агар ба корномаи устод назар андозем, мебинем, ки ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон (солҳои 1962-1963), муҳаррир (солҳои 1964-1972), муҳаррири калони нашриёти «Ирфон» (солҳои 1972-1979), муҳаррир-тарҷумони Шӯрои Вазирони Тоҷикистон (солҳои 1979-1991), мудири котиботи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон (солҳои 1991-1993) ва аз соли 1993 то ба нафақа баромадан (соли 2015) сармутахассиси раёсати тарҷумаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Зери таҳрири Нарзӣ Обидов даҳҳо асари илмиву сиёсӣ, тарҷумавӣ ва бадеӣ ба нашр расидаанд. Ӯ хазинаи зиндаи луғату имлои забон ба шумор мерафт.
Солҳои фаъолият ҳамчун сармутахассиси раёсати тарҷумаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар тарҷумаву таҳрири қонуну қарорҳо саҳми қобили мулоҳиза дошт.
Дар баробари фаъолияти тарҷумонӣ Нарзӣ Обидов худ низ якчанд асари ҷолиб навиштаву мураттаб намудааст.
Нарзӣ Обидов дар китоби ёддоштиаш «Дар байни устодон» бисёр лаҳзаҳои нотакрори зиндагиву фаъолияти адибони тоҷикро ба хонанда муаррифӣ менамояд.
Се китоби бузургҳаҷми устод ба самарқандиҳо ва бухороиҳое бахшида шудаанд, ки аз солҳои бистуми садаи бист — баъд аз таъсиси ҷумҳуриамон ба Тоҷикистон омада, дар бунёду таҳкими давлати тоҷикон саҳм гирифтаанд.
Ҳамин сол, дар 86-солагии Нарзӣ Обид китоби навашон таҳти унвони «Дӯстон оинаи якдигаранд» ба нашр расид, ки гувоҳи рӯшани заҳматкашии устоди накуноми мост.
Гурӯҳе аз ҳамкорон ва дӯстон