Нишонаи бақои миллату давлат

№ 23.11.2022

Парчам дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзандаро дорост. Муқаддас будани Парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният онро ҳамчун ливои озодӣ барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ дар ҳар давру замон барои мубориза баҳри ҳаёти осоишта, баробарию баробарҳуқуқӣ ва таъмини адолат баланд мебардошт.

Дар зери  Парчам  мардуми ориёитабор  на танҳо империяҳои  абарқудратро ба монанди Ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониён ба вуҷуд оварда,  низоми тавонманди идоракунии давлатиро  созмон доданд, ҳамчунин  аввалин ҳуҷҷати  ҳуқуқии  аҳли башар, ки дар таърих бо номи «Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир» маълум аст, ба оламиён муаррифӣ намуданд.

Парчамдориву парчамбардории халқи мо таърихи қадима дошта, аз аҳди бостон то ба имрӯз давраи тӯлониро тай намудааст. Таърих гувоҳ аст, ки аҷдоди мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд. Вобаста ба парчамбардории давлатҳои абарқудрати ниёкони мо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд:  «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири  уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш  гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати ниреманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз  ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари даврони  соҳибистиқлолӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таъриху тамаддуни ғановатманд ва пурифтихорамон ба шумор меравад. Дар боби 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақсади муайян намудани мақому манзалат ва тартиби истифодаи расмии Парчами давлатӣ дарҷ ёфтааст. Дар муқаддимаи қонуни мазкур чунин омадааст: «Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Парчами давлатӣ барои мо нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Зебо ВОҲИДОВА,

Мухбирахон ШОКИРОВА, омӯзгорони ДДҲБСТ