Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон минҷумла зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардуми минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ҳамчун василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт дар даҳсолаи оянда низ идома медиҳад.
Тавре Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш дар иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ таъкид намуд, Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015), ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд, замина фароҳам овард, ки барномаҳои СММ бобарортар татбиқ гарданд. Ба дастовардҳои ноилгардида набояд иктифо кунем, зеро раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ барои сокинони сайёра проблемаҳои зиёд, аз ҷумла мушкилоти марбут ба обро бор овардааст.
Биноан, Пешвои миллат эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» — ро зарур донистанд, ки онро ҷомеаи ҷаҳон хуш пазируфт. Муҳимтар аз ҳама, пешниҳоди Роҳбари давлат аз ҷониби кишварҳои пешрафтаи олам бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфт.
Ба қавли коршиносон, бинобар тағйирёбии иқлим, хусусан бар асари зиёдшавии партоби газҳои гулхонаӣ тайи 30 соли охир аз 13 ҳазор пирях дар Тоҷикистон зиёда аз ҳазор адади он пурра нобуд шудааст. Нуктаи муҳим он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шашгонаи мамлакатҳои истеҳсолкунандаи «энергияи сабз» дохил аст ва 98 фоизи энергияи он дар неругоҳҳои барқи обӣ – манбаи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол мешавад.
Айни замон 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Аз ин рӯ, идомаи эҳтимолии раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба ташаккули захираҳои оби минтақа таъсири манфӣ расонад. Бинобар ин, амалисозии ҳадафҳои Созишномаи Париж, ки кишвари мо ба он ҳамроҳ аст, андешидани тадбирҳо ҷиҳати кам кардани партоби газҳои гулхонаӣ ва пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо маҳсуб мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки дар марҳалаи кунунӣ яке аз роҳҳои ноилшавӣ ба рушди устувор тавсеаи «иқтисоди сабз» ва истифодаи босамари энергияи таҷдидшаванда ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори иқдоми ҷаҳонии «Энергияи устувор барои ҳама» буда, дар ин раванд ба нафъи ҷомеаи башарӣ амалҳои созанда анҷом медиҳад.
Тоҷикистон дар амалисозии барномаҳои марбут ба оби Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша ширкати фаъолона дошт ва ин иқдомро минбаъд низ пайгирона идома хоҳад дод. Татбиқи босамари ҳадафҳои Даҳсолаи нав дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об ва ҳифзи ин неъмати бебаҳо барои наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли равон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» — ро расман оғоз бахшиданд.
Дар чорабинӣ, ки ба биступанҷумин соли баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об рост омад, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳамоиш ба фаъолияти пурвусъати Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об саҳифаи наверо зам хоҳад кард.
Президенти мамлакат аз талошҳои қаблии Тоҷикистон ва иҷрои тадбирҳои муҳими иҷрошуда дар чаҳорчӯби ибтикоре чун «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об-барои ҳаёт, 2005 — 2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар ҷараёни татбиқи ташаббусҳои зикршуда таҷрибаи арзишманд андӯхта шуд, ки дар анҷом додани вазифаҳои нав дар ин самт кумак хоҳад кард.
Шоёни қайд аст, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» аз ҳар як шахс саҳмгузорӣ барои ҳалли мушкилоти марбут ба об, баланд бардоштани маърифати мардум дар соҳаи беҳдошти муҳити зист, тоза нигоҳ доштани оби ошомиданӣ, кам гардонидани партовҳои истеҳсолӣ ва аз газ ҳосилшударо ба атмосфера тақозо дорад. Ба ибораи дигар, истифодаи оқилонаву самараноки об дар навбати аввал аз худи мо оғоз мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки иштирокчиёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони дигар 20 — 22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таваҷҷуҳи асосиро ба ҳалли масоили зикршуда равона хоҳанд кард.
Дар маҷмӯъ, Пешвои миллат бо ибтикороти арзишманд обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш боло бурда, ҷомеаи ҷаҳонро ба ташаббускору дурандеш будани мардуми соҳибтамаддуни тоҷик муътақид намуданд.
Туйчӣ МУСОЕВ,
муовини роҳбари Гурӯҳи кории ташкилоти ҳавзавии дарёи «Панҷ»