Чанде пеш дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулони муассисаҳои соҳаи табъу нашр ва матбуот дар мавзӯи «Риояи қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ – омили рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти кишвар» машварат баргузор гардид.
Дар он муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода, сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг Раҳмоналӣ Мирализода аз танзими фаъолияти соҳаи табъу нашр ва воситаҳои ахбори омма тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ суханронӣ намуда, ҳамзамон, аз ҷой доштани камбудию мушкилиҳо ва зарурати ислоҳот дар кори соҳа ибрози андеша намуданд.
Қайд гардид, ки дар фаъолияти муассисаҳои нашриётӣ ва нашрияҳои алоҳида ҳолатҳои беэътиноӣ нисбат ба риояи қонуну санадҳои ҳуқуқӣ ба назар мерасанд. Дар натиҷа, баъзан китобу мақолаҳое низ ба табъ мерасанд, ки мазмуну муҳтавояшон созанда нест.
Дар ҷомеаи демократӣ сензура қобили қабул нест, вале тамоман аз назорат дур мондан ҳам аз меъёрҳои демократия буда наметавонад. Набояд фаромӯш кард, ки амнияти иттилоотӣ ҷузъи таркибии амнияти миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки кам нестанд матбааҳое, ки дорои Шаҳодатномаи фаъолияти соҳибкорианд, вале дар асл аз миёнараве беш нестанд. Дастгоҳҳои чопӣ як тараф, бархе, ҳатто утоқи корӣ ҳам надоранд. Фармоишҳоро қабул карда, китобҳоро дар матбааҳои дигар ба чоп мерасонанд ва ҳеҷ масъулияте ҳис наменамоянд. Аз ин рӯ, баъди азнавбақайдгирӣ фаъолияти чунин матбааҳо ҳатман манъ карда мешаванд.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»