8 июни соли равон аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 сол сипарӣ шуд. Мардум онро чӣ гуна пазируфт ва оё дар амалӣ сохтани он ба ҳадаф расидем? Дар ин хусус фишурдаи суҳбати журналист Фарзонаи Файзалиро бо муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Азизулло Мирзозода пешкаш менамоем.
- Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» на танҳо ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд, балки дар шароити ҷаҳонишавӣ манфиатҳои миллӣ ва динии мардумро ҳифз кард.
Масалан, қабл аз маъракаҳои хонадоршавӣ вобаста ба минтақаҳо аз 10 то 15 маъракаи гуногун баргузор мешуд. Дар маросими азодорӣ вазъият аз ин ҳам вазнинтар буд. Ба хотири нафари фавтида давоми сол зиёда аз 60 маърака мегузарониданд. Хатнасур ҳам маъракаи калонеро мемонд ва аксари мардум бо баргузории маъракаву маросими зиёду серхарҷ аз зиндагии хуб маҳрум буданд. Бо шарофати қабули қонун аз гузаронидани бисёр маъракаҳои нолозиме, ки баргузории онҳо ба паст шудани сатҳи иқтисодии оилаҳо оварда расонд, мардум даст кашиданд. Шаҳрвандон бо камхарҷ баргузор намудани маъракаҳо тавонистанд маблағи зиёдро барои ҳалли мушкилоти хонаводагӣ пасандоз намоянд. Далелҳо собит месозанд, ки дар давоми амали қонун зиёда аз 21 миллиард сомонӣ сарфа шуд ва табиист, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат намуд.
Аз рӯи ҳисоботи оморӣ, тайи муддати зикршуда беш аз якуним миллион маърака ба қайд гирифта шудааст. Забҳи чорво (хурду калон) тақрибан 968 ҳазорро ташкил менамояд, ки ба сари ҳар маърака ҳатто як чорво рост намеояд. Мардум аксар маврид дигар барои забҳи чорво зарурат надоранд. Зеро вақт, соат, шумораи меҳмонони даъватшуда муайян аст. Ин дар ҳолест, ки пештар дар маъракаҳо шаҳрвандон ду ва ё зиёда аз он чорво забҳ мекарданд.
Тибқи талаботи қонун хатнасури кӯдакон дар доираи оила бе забҳи чорво ва даъвати сарояндагон сурат мегирад. Аз соли 2009 бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯйи домодиву арӯсӣ, хатнасури бачаҳо аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва дигар шахсони хайрхоҳ дар шакли маъракаҳои хайриявӣ роҳандозӣ гардида истодааст. Ба шарофати ин иқдом зиёда аз 100 ҳазор писарбача хатна гардидаанд. Баъди ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонун (28 августи соли 2017) вазъият боз ҳам беҳтар гардид ва мушкилоте, ки хонаводаҳо барои хатнаи як тифл доштанд, ҳалли пурра ёфт. Акнун хатнасури бачаҳо то 20-рӯзагӣ дар муассисаҳои тиббӣ ройгон амалӣ мешавад. Аз рӯйи ҳисоботи пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар чор моҳи охири соли 2017 зиёда аз 14 ҳазор хатна гузаронда шуд. Аз ин нишондод беш аз 5 ҳазори онро бачаҳои то 20-рӯза ташкил медиҳанд.
Бо вуҷуди он ки масъулон риояи қонунро таҳти назорати қатъӣ қарор додаанд, ҳоло ҳам дар гузарондани маъракаҳо, хусусан дар маросими азодорӣ зиёдаравӣ ба назар мерасад. Новобаста аз он ки қонун шумораи меҳмонони даъватшавандаро муайян намудааст, бе даъват омадани мардум ба маъракаҳо маъмул буд. Баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо маъракаҳои азодорӣ бе додани таом гузаронида мешавад. Ҳол он ки додани таомро дар маъракаи азодорӣ мардум фармудаи шариати ислом ва ҳатмӣ медонист.
- Пас, чаро рӯҳониён қаблан дар ин бора ба мардум чизе намегуфтанд?
- Ба он хотир ки онҳо ба ин кор манфиатдор буданд. Барои ҳамин бештари мардум дар ин бора танҳо баъди қабули қонун огаҳӣ пайдо намуданд. Албатта, маъракаҳои азодорӣ ҳоло баргузор мешаванд, аммо бе додани таом. Яъне, мардум ба хонаи майит мераванд, аммо танҳо барои хондани дуову фотиҳа. Ворисони марҳум метавонанд ба хотири гузаштагон ба ятимону бепарасторон, камбизоатон, муҳтоҷон садақа намоянд ва ё маблағи онро барои корҳои ободонӣ, ба мисли таъмири мактаб, ҳаммому кошонаи ҳусн, ёрӣ ба хонаи пиронсолон ва дигар амалҳои нек сарф намоянд. Аз рӯи таҳлилҳо, дар ҳашт моҳи баъди ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонун, аз ҳисоби камхарҷ, дар доираи оила баргузор намудани хатнасур ва бе таом гузарондани маросими азодорӣ зиёда аз 85 миллион сомонӣ ба нафъи шаҳрвандон сарфа шудааст.
- Аммо ин муддат ҳолатҳои нақзи қонун аз ҷониби шаҳрвандон, ҳатто хизматчиёни давлатӣ низ, кам набуд. Ҳамин тавр не?
- Мутаассифона, чунин ҳолатҳо низ ба назар мерасанд. Вобаста ба ин масъала дар давоми амали қонун 4298 парванда ба суд пешниҳод шуда, шахсоне, ки талаботи онро риоя накарданд, дар маҷмӯъ, зиёда аз 12 миллион сомонӣ ҷарима гардиданд. Соли гузашта 768 ҳолати нақзи қонун ба қайд гирифта шуд. Миёни нафароне, ки қонуншиканӣ намуданд, 13 хизматчии давлатӣ, 30 соҳибкор, 6 корманди соҳаи тиб ва як имомхатиб низ мебошад, ки дар маҷмӯъ 2 миллиону 14 ҳазору 864 сомонӣ ҷарима шудаанд.