Даҳуми ноябри соли равон дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Қасри Таврическийи шаҳри Санкт-Петербург) ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, иқтисод ва молия, масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, ҳифзи саломатӣ баргузор гардид.
Дар онҳо раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода (аз тариқи фосилавӣ), оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода ва оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода ба таври ҳузурӣ иштирок карданд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дар ҷаласа бо дастгирии якдилонаи ҳамкасбонаш раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ интихоб гардид. Дабири кулли Шӯрои АБ ИДМ Дмитрий Кобитский номзадии Равшан Раҷабзодаро ба аъзои комиссия пешниҳод кард. Дар ҷаласа, ҳамчунин, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода муовини раиси Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои иқтисод ва молия интихоб гардид.
Дар ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ қонуни намунавӣ «Дар бораи мубориза бар зидди киберҷинояткорӣ» баррасӣ ва тасдиқ шуд. Таъкид гардид, ки ҷиноятҳо бо истифода аз технологияҳои IT бештар дар бахши молия содир мешаванд ва иншооти муҳими инфрасохтори иттилоотӣ ва амнияти байналмилалии иттилоотӣ низ таҳти хатари ҳамлаҳои киберӣ қарор доранд.
Вакилон, инчунин, лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро дар таҳрири нав тасдиқ карданд.
Иштирокчиён лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи муомилоти молиявӣ», «Дар бораи роҳҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳо», «Дар бораи фондҳо», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» (дар таҳрири нав), «Дар бораи уҳдадориҳои вобаста ба расонидани зарар», «Дар бораи мубориза бар зидди киберҷиноятҳо», «Дар бораи фаъолияти бонкии сармоягузорӣ ва траст»-ро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вакилон, ҳамчунин, оид ба натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои коршиносони назди Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ки 30 — юми сентябри соли 2022 баргузор гардид, табодули назар намуда, аз рӯи пешниҳодҳои таҳиянамудаи Шӯро қарор қабул карданд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон