Ҳабдаҳуми июни соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо раиси вилояти Ҳамадони Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Носир Некбахт ва ҳамроҳони ӯ, ки бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни омодагиҳо ба ҷашни 700 -солагии мутафаккири бузург Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҳайати фавқуззикрро барои тақвияти муносиботи дӯстонаи ду кишвари ҳамзабон муҳим арзёбӣ намуд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Шукурҷон Зуҳуров доштани таърих, забон, фарҳанг ва оини муштарак байни миллатҳои тоҷику эрониро яке аз омилҳои асосии густариши муносиботи ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо арзёбӣ кард.
Мавсуф табодули таҷриба дар соҳаи илму фарҳанг миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро муҳим дониста, таъкид дошт, ки намояндагони илму адаби миллатҳои мо ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим байни якдигар мукотиба ва равобити қавӣ доштанд.
Шаҳри Табрезро барои зиндагӣ ихтиёр кардани яке аз нобиғагони илму адаби тоҷик Камоли Хуҷандӣ ва дар шаҳри Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мадфун шудани Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ далели возеҳи ин гуфтаҳо мебошанд. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо вуҷуди сафарҳои пай дар паи тӯлонӣ, имконият ёфт, ки як силсила асарҳои илмию бадеӣ офарад ва онҳо то имрӯз аҳамияти бузурги илмиву адабӣ ва таърихиро моликанд.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан бо асарҳои насрии худ, аз қабили «Макорим-ул-ахлоқ», «Захират-ул–мулук», «Вуҷудия», «Кашф-ул-ҳақоиқ» ва амсоли инҳо дар инкишофи тасаввуф саҳми босазо гузошт. Баробари ин, ӯ ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ низ эҷод намудааст.
Асарҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар китобхонаҳои машҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳиндустон ва як қатор шаҳрҳои давлатҳои Ғарб маҳфузанд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иброз дошт, ки баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги вилояти Ҳамадони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доир гардидани Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба раванди густариши муносиботи ду кишвар заминаи устувор фароҳам меорад.
«Барои пешбурду ривоҷи ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон тамоми асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам шуда, дар ин самт бештар аз 170 санади дуҷониба ба имзо расидаанд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва ғайра дар бар мегиранд», — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илова намуд, ки танзимкунандаи асосии фаъолияти иқтисодиву тиҷоратии кишварҳо, асосан созишномаҳои ниҳоят муҳим, ба монанди «Мувофиқатнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо», «Созишнома дар бораи роҳ надодан ба андозбандии дукарата ва пешгирии канораҷӯӣ аз пардохти андоз» ва «Созишномаи тиҷоратӣ» мебошанд. Дар заминаи «Созишномаи тиҷоратӣ» Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таъсис ёфтааст.
Дар навбати худ Муҳаммад Носир Некбахт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми вакилони парлумони касбии мамлакатро ба муносибати интихоб шуданашон ба ҳайси вакил табрик гуфта, изҳор дошт, ки миллатҳои тоҷику эронӣ ҳамчун асосгузорони илму адаб дар ҷаҳон шинохта шудаанд ва имрӯз осори гаронбаҳои намояндагони ин миллатҳо, бинобар сабаби пурмуҳтавову пурмазмун буданашон, ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва нашр шудаанд.
Мавсуф таъкид кард, ки қисмати аъзами пешрафтҳо дар соҳаи илму техника дар ҷаҳон то имрӯз ба даст омадаанд, аз осори ниёгони мо маншаъ мегиранд. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки осори гаронбаҳои қадимаи худро аз сари нав мавриди омӯзиш қарор дода, барои даст ёфтан ба комёбиву муваффақиятҳои илмиву техникӣ талошҳои муассир намоем.
Вилояти Ҳамадон зиёда аз ду миллион аҳолӣ дошта, ҳамчун маркази илму адаб ва ҳунар муаррифӣ шуда, дар он корхонаҳои калон фаъолият мекунанд.
Дар мулоқот аъзои Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳоҷатулло Фағонӣ иштирок доштанд.
Муҳамадато СУЛТОНОВ, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон