Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуд, ки дар соҳаи энергетика он баръало эҳсос мешуд.
Яке аз сабабҳои асосии норасоии барқ дар ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, корношоям гаштани дастгоҳҳои электроэнергетикии аз давраи шӯравӣ меросмонда маҳсуб меёфт. Табиист, ки ҳалли ин масъала бидуни сармоягузории хориҷӣ ва истифодаи қудрати нави электроэнергӣ ғайриимкон буд.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (22 декабри соли 2016) таъкид шудааст, ки: «Вазифаи асосии Ҳукумат дар солҳои наздик ба таври устувору доимӣ таъмин намудани ҳамаи истеъмолкунандагон бо неруи барқ буда, он бо роҳи афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол, истифодаи сарчашмаҳои алтернативии тавлиди неруи барқ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ дар соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад».
Агар то соли 2008 ҳамагӣ 94 неругоҳи хурди барқи обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта бошад, шумораи онҳо имрӯз ба 283 адад расидааст. Ҳоло «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» амал мекунад, ки мувофиқи он то соли 2020 иловатан 190 неругоҳи дигар бунёд хоҳад шуд.
Бино бар иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои об, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ ба 13 млрд. 734,50 млн. кВт/соат расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 469,3 млн. кВт/ соат зиёд мебошад. Ин имкон дод, ки реҷаи маҳдудияти интиқоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ бардошта шавад. Қобили зикр аст, ки бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ дар нуҳ моҳи соли 2017 ШСХК «Барқи Тоҷик» аз истеҳсолкунандагони дохилӣ 1 млрд. 854,7 млн.кВт.соат энергияи барқро ба маблағи умумии 48,67 млн.доллари ИМА харидорӣ намуд.
Яке аз дастовардҳои соҳа тӯли солҳои охир он аст, ки дар кишвар истифодаи таҷҳизоти замонавии каммасрафи барқӣ васеъ ба роҳ монда шуд. Имрӯз дар манзилҳои истиқоматӣ ва идораю коргоҳҳои шаҳрҳои азими кишвар, аз қабили Душанбеву Хуҷанд ҳисобкунакҳои рақамӣ насб шудаанд.
Дигар омили пешрафти соҳа он аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани эътимоднокии фаъолияти шабакаҳои барқӣ ва иқтидорҳои барқистеҳсолкунанда, паст намудани сатҳи талафоти технологии неруи барқ, таъмиру барқарорсозӣ тавсеа ёфт. Барои таъмир 56,84 млн. сомонӣ аз худ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,37 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз рӯи маълумоти Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика, то 1 октябри соли 2017 дар НБО-ҳои хурд 20 млн.500 ҳазор кВт/соат неруи барқ истеҳсол гардидааст, ки натиҷаи беҳтарин дар давраи Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Яке аз дастовардҳои беназири соҳа бо ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳии №2 дар шаҳри Душанбе мебошад. Дар маҷмӯъ, аз марказҳои барқу гармидиҳии №1, №2, дегхонаҳои «Шарқӣ», «Ғарбӣ» 1504 иншоот ва аз дегхонаҳои Муассисаи давлатии «Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе» 26 иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд.
Бо мақсади беҳ намудани сатҳи таъминоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе ду зеристгоҳи нави 110 кВ бунёд шуда, таҷдиди зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Промышленная» дар шаҳри Душанбе бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ амалӣ гардид. Ба ғайр аз ин, 30 июни соли 2017 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ Созишномаи грантӣ ба маблағи 2,2 миллиард ени ҷопонӣ баробар ба 20 млн. доллари ИМА вобаста ба маблағгузории лоиҳаи «Сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи марказ» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой созишномаи қарзӣ ба маблағи 79,0 млн. доллари ИМА ба имзо расид.
Мусаллам аст, ки иқтидори истеҳсолии неруи барқи кишварро бе Неругоҳи барқи обии «Роғун» тасаввур кардан наметавон. Ин иншооти ҳаётан муҳим бо истифода аз технологияҳои беҳтарину навтарин ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии сифату бехатарӣ аз ҷониби ширкати «Салини Импреҷило»-и Италия, ки дар сохтмони иншооти гидротехникӣ дар арсаи байналмилалӣ яке аз ширкатҳои соҳибтаҷриба ба шумор меравад, бунёд шуда истодааст. Имрӯзҳо, ки зимистон ҳукм меронад, сокинони кишвар, мисли дигар фаслҳои сол аз неруи барқ бемаҳдудият истифода мебаранд. Амалӣ шудани нақшаҳои мавҷуда ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегатҳои аввалини неругоҳи мазкур дар охири соли 2018 ва аввали соли 2019 имкон медиҳад, ки барои содироти он имконияти васеъ ба вуҷуд ояд. Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон ба мамлакати содиркунандаи неруи барқ мубаддал хоҳад шуд.
Мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳи бузурги аср – НБО-и «Роғун» барои ба фаъолият шурӯъ намудани корхонаҳои нави саноатӣ, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани шаҳрвандон, коҳиш додани сафи муҳоҷирони меҳнатӣ, ба рушди истеҳсолоти ватанӣ таъсири мусбат мерасонад.
Иқдоми неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин иншооти сарнавиштсоз ба дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон шодию фараҳ овард.
Дар фарҷом кормандони соҳаи энергетикаро, ки ба ҳар хонадони мардуми шарафманди ҷумҳурӣ равшанию гармӣ медиҳанд, бо иди касбиашон табрик гуфта, ба онҳо бахту иқболи нек, рӯзгори босаодат ва дастурхони пурфайзу баракат таманно менамоем.
Дилрабо МАНСУРӢ,
узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия