Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Қонунгузорӣ фаъолияти соҳаи савдо ва хизматрасонии маиширо такмил медиҳад

№74(3375) 29.05.2015

раис

27 майи соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ».

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадова Меҳринамо Худододовна дода мешавад.

Меҳринамо ҶОНМА-МАДОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷараёни сафари кориашон Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 12 ноябри соли гузашта ба сохтмони корхонаи истеҳсоли гипсокартон ва ғӯрагаҷ (шпаклёвка) оғоз бахшида, ташаббускорон ва сармоягузорони бунёди ин корхонаро барои ин иқдоми нек арзи сипос баён намуда, ҷиҳати бо сифати баланд ва рақобатпазир ба роҳ мондани истеҳсолот маслиҳатҳои муфид дода, санги асос ва нома ба наслҳои оянда гузоштанд.

Дар суханрониашон ҳангоми мулоқот бо фаъолон ва аҳолии ноҳияи Ёвон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр намуданд, ки таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳар чӣ бештар бо шуғл таъмин кардани шаҳрвандони бекор, хусусан дар шароити имрӯза, самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад ва тамоми мақомоти дахлдори давлатӣ, бахши хусусӣ ва бонкҳову ташкилотҳои қарзӣ вазифадоранд, талаботи мазкурро меҳвари фаъолияти худ қарор диҳанд.

Ҷиҳати иҷрои ин дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли ҷорӣ таҳти №293 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур тибқи қонунгузории амалкунанда пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ дар шакли озодкунӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва  боҷи гумрукӣ барои воридоти таҷҳизот, технология ва масолеҳи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» пешбинӣ гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» тасмим гирифтааст, ки дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли гипсокартон ва ғӯрагаҷ (шпаклёвка)- ро бо сармоягузории беш аз  130 миллион сомонӣ дар якуним ду соли оянда бунёд намояд.

Аз рӯи маълумоти пешниҳодшуда ҷамъияти мазкур бояд моҳи июли соли ҷорӣ навбати аввали корхонаи гипсокартонро бо иқтидори истеҳсолии 10000 дона гипсокартон дар як шабонарӯз ба кор дарорад, ки дар ин замина бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифтани 200 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ дар назар дошта шудааст.

Зикр кардан зарур аст, ки маблағи умумии воридоти таҷҳизот, технология ва маҳсулоти сохтмонӣ 18 млн. доллари ИМА- ро ташкил менамояд, ки ҳангоми додани имтиёзҳои иловагии андозӣ маблағи умумии озодшавии андозҳо аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ 4,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил менамояд, аз он ҷумла андоз аз арзиши иловашуда 3, 4 млн. доллари ИМА ва боҷи гумрукӣ 0,9 млн. доллари ИМА дар назар дошта шудааст.

Бинобар ин, ҷиҳати дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватанӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 майи соли 2015 таҳти № 121 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади аз пардохти  андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод  намудани таҷҳизот, технология ва масолеҳи сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» барои сохтмони заводҳои истеҳсоли гипсокартон ва ғӯрагач (шпаклёвка) дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон воридшаванда, ки номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, пешниҳод шудааст.

Маблағи умумии лоиҳаи бунёди завод бо маҷмӯи таҷҳизоташ 17723100 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Саҳми ҷамъияти тоҷикистонӣ  дар сармояи Оинномавии заводи гипсокартонбарорӣ 35 фоизро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии як шабонарӯзии завод 10 (даҳ) ҳазор дона гипсокартон мебошад. Заводи мазкур бо навтарин технология муҷаҳҳаз гардонида шуда истодааст ва маҳсулоти баландсифат истеҳсол менамояд. Ашёи хом ва маводи гармидиҳандаро завод аз ҳудуди ҷумҳурӣ истихроҷ мекунад ва харидорӣ менамояд.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда ҷамъияти мазкур бояд моҳи июли соли ҷорӣ навбати аввали заводи гипсокартонро ба кор дарорад, ки дар ин замина бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифтани 200 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ дар назар  дошта шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 13 таклиф пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 20 майи соли 2015 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз таклифҳои пешниҳодгардида 6 — тоаш қабул, 1 — тоаш қисман қабул ва 6 — тоаш қабул нашуданд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Дар корхона намудҳои зиёди маҳсулот, аз ҷумла гипсокартон истеҳсол мешавад. Оё ба назар гирифта шудааст, ки ин маҳсулот дар куҷо ба фурӯш бароварда мешавад?

Директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» Акбар Ғуломов:- Ин корхона баъди ба истифода додан дар як шабонарӯз даҳ ҳазор дона гипсокартон истеҳсол менамояд. Аз ин миқдор ҳафт ҳазор донааш барои таъмини талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон кифоя мекунад. Боқӣ се ҳазор донаи он ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода мешавад. Дар ин хусус бо намояндагони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гуфтушунид доир намудем ва хоҳиши харидорӣ кардани маҳсулоти корхонаи  моро доранд.

Дар марҳилаи аввал 200 нафар ва  дар марҳилаи дуюм 150 нафар ба ҷойи кор таъмин мешаванд.

РАИС: — Доир ба ин масъала кӣ хоҳиши сухан гуфтан дорад? Марҳамат.

Олимҷон САФАРОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Тавре маълум аст, таъсири буҳрони иқтисодиву молиявӣ, ки солҳои охир дар ҷаҳон ба амал омадааст, ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири худро гузоштааст. Биноан, мо бояд соҳибкорони истеҳсолиро ҳамаҷониба дастгирӣ ва имтиёзҳо пешниҳод намоем. Аз Паёмҳои Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки барои рушди соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ  бояд фазои мусоид фароҳам бошад.

Фароҳам овардани чунин имкониятҳо барои рушди ояндаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад таъсири мусбии худро расонад. Чунончӣ, фақат маблағи андозе, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр семент»- и Ёвон ба Буҷети давлатӣ супоридааст, дар соли 2014 –ум 145 млн. сомониро ташкил додааст.

Ин, албатта, беҳбудӣ ва пешравии назарраси корхонаҳои саноатӣ дар кишвар мебошад.

Аз ин лиҳоз, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Ҷамшед САИДОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Дар симмати вакил қарзи виҷдонии худ мешуморам, ки дар  баррасии масъалаи мазкур ширкат варзам, зеро беш аз 25 соли охир ба масъалаҳои тадқиқот ва омӯзиши хосиятҳои асосӣ ва истеҳсоли масолеҳ, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ бевосита машғул шуда, баробари анҷом додани корҳои илмӣ, инчунин дар тарбияи муҳандисон — технологҳои ҷавони ҳамин соҳа низ саҳми худро гузошта истодаам.

Боиси ифтихори мо мебошад, ки тавассути сиёсати хирадмандона ва талошҳои ободкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир сохтмони корхонаҳои истеҳсоли маҳсулот, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ зиёд гашта, шумораи онҳо беш аз 270 ададро ташкил медиҳанд. Дар замони муосир, ки дар Ватани маҳбуби мо сохтмонҳои азим суръат гирифта истодаанд, истеҳсоли маҳсулот ва маснуоти сохтмонии ватанӣ, ки ба рушди соҳибкории истеҳсолии ватанӣ мусоидат менамояд, хеле зарур ва саривақтӣ мебошад. Барои истеҳсоли аксар масолеҳи сохтмонӣ ашёи хом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи кофӣ мавҷуд аст.

Масъалаи баррасишаванда иқдоми нек ба ҳисоб меравад, зеро, мо раванди сохтмони  заводҳои истеҳсоли масолеҳи номбаршудаи сохтмониро суръат бахшида, ҳавасмандии соҳибкорони ватаниро дар самти бунёд намудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо ворид сохтани технологияҳои нав бештар мекунем. Алалхусус, дар ҳолати имрӯза барои таъсиси 350 ҷойи кории нав дар кишварамон мусоидат намуда, минбаъд ворид сохтани чунин намудҳои масолеҳи сохтмониро аз беруни кишвар камтар гардонида, оянда пурра бозори фурӯши онро дар ҷумҳурӣ ба даст меоваранд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намуда, ҳамзамон аз вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳанд.

Пешниҳод менамоем, ки минбаъд бо мақсади дақиқтар намудани миқдор ва номгӯи масолеҳи сохтмонии воридкунанда, субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузор аз роҳбарони ин ширкатҳо рӯйхати пурраи масолеҳи сохтмонии воридкунандаро пешакӣ дастрас намуда, ба мо — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шиносоӣ ва баровардани хулосаи зарурӣ пешниҳод намоянд.

Чунин тарзи корро шахсан ман -  олими соҳаи мазкур ба он хотир дархост кардан мехоҳам, ки мо бояд ба воридсозии он намуди масолеҳ, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ иҷозат дода, баъзе имтиёзҳоро пешбинӣ намоем, ки дар кишвари мо истеҳсол намешаванд, зеро, мо вазифадорем, ки қабл аз ҳама истеҳсолкунандаи ватаниро дастгирӣ намоем.

Шариф РАҲИМЗОДА: - Бо истифода аз иштироки вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳам пешниҳод намоям, ки аз рӯйхати ҳамаи молҳои воридшаванда молҳоеро ҷудо кардан лозим, ки дар дохили кишвар имкони истеҳсолашон мавҷуд аст. Баъдан, мувофиқи ин рӯйхат истеҳсоли ҳар чӣ зудтари онҳо ба роҳ монда шавад.

Ба ин восита воридоти молро аз хориҷи кишвар камтар намоем.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабул гаштани қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дода мешавад.

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Мақсад аз ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ба хотири аз байн бурдани мухолифати ҷойдошта бо дигар қонунҳо мебошад.

Дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба қисми 9 моддаи 10 ва инчунин ба қисми 21-и моддаи 14-уми қонун тағйирот ворид карда шудааст.

Дар қисми 9 моддаи 10 бо сабаби аз эътибор соқит шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ» номи қонунҳо хориҷ шуда, ибораи «тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид шудааст.

Ҳамчунин дар қисми 21-уми моддаи 14 омадааст, ки мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон риояи талаботи савдо ва ташкили фаъолияти бозорҳоро назорат мебаранд. Бо дарназардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазорат мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ мебошад ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва идоракуниро дар соҳаҳои муайяни фаъолият амалӣ менамояд.

Тибқи қонуни мазкур функсияҳои назорати иҷроияро мутобиқан Хадамот ва Агентиҳо амалӣ менамоянд.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади бартараф намудани мухолифати ҷойдошта қисми 21 моддаи 14 дар таҳрири зайл ифода шудааст: «Назорати риояи қоидаҳои савдо ва ташкили фаъолияти бозорҳо, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.».

Лоиҳаи қонуни мазкур ҳангоми баррасӣ дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуд. Қабули қонун аз Буҷети ҷумҳурӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Турсунова Гулбаҳор Назирҷоновна дода мешавад.

Гулбаҳор ТУРСУНОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди иқтисодиёт ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиёт корҳои назаррас ба анҷом расида истодааст.

Дар ин раванд қонунгузории кишвар, аз ҷумла қонунгузории фаъолияти соҳаро танзимкунанда, такмил дода шуда, дар низоми иқтисодии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ворид гардида истодаанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади бартараф намудани маҳдудияти назорати дар қонунгузории амалкунанда ҷойдошта ва мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қонуни манзургардида номукаммалии санади меъёрии ҳуқуқии номбурдаро бартараф менамояд. Ворид намудани тағйирот ба қонуни зикргардида боиси риояи назорати қоидаҳои савдо ва ташкили фаъолияти бозорҳо дар ҷумҳурӣ мегардад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ба қонунгузории амалкунанда мутобиқ меҳисобад.

Кумитаи масъул рӯзи 20 майи соли 2015 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, таклифҳои пешниҳодгардидаро муҳокима намуд ва бо дарназардошти онҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Аз ҷумла лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкуниӣ мутобиқ ва матни русии лоиҳа бо матни тоҷикӣ мувофиқ карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи масъул лоиҳаи қонунро ба баррасии шумо пешниҳод намуда, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала чӣ гуна савол ва таклифу пешниҳод доред? Марҳамат.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: - Раванди назорат аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзим даровардани савдо ва хизмати маишӣ чӣ гуна аст ва дар ин самт кадом тадбирҳо андешида мешаванд?

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: — Ба назорат ва танзими савдо ва хизмати маишӣ Хадамот ва Агентиҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд. Аз ҷумла Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаҳои нархгузориро, ки дар савдои бозорҳои наздисарҳадӣ муайян мешаванд, назорат мекунанд.

Абдураҳим ХОЛИҚЗОДА: - Ба мақсад мувофиқ мебуд, ба ҷойи истилоҳи қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода мешуд. Чаро? Зеро вақте дар бораи санадҳои қонунгузорӣ сухан меравад, мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» панҷ қонун – Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни тариқи раъйпурсӣ қабул шуда, қонунҳои конститутсионӣ, Кодекс, қонунҳои соҳавӣ дар назар дошта мешаванд. Дар мавриди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» маълум мешавад, ки ғайр аз ин қонунҳо, инчунин санадҳои дигари зерқонуние вуҷуд доранд, ки муносибатҳои савдо ва хизматрасонии маиширо ба танзим медароранд. Ба хотири он ки оянда ба қонун тағйирот ворид нагардад, ба мақсад мувофиқ мебуд, ба ҷойи истилоҳи қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода шавад.

Маҳмадалӣ ВАТАНОВ: — Пешниҳод қобили қабул нест, зеро мутобиқи сархати 3 моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мафҳуми қонунгузорӣ тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медароранд, дар бар мегирад.

Баҳром АБДУАЛИМОВ: - Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол дар бораи муайян ва муқаррар намудани реҷаи кории нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор қабул мегардад.

Реҷаи корӣ аз ҷониби сохторҳои маҳаллӣ назорат мешавад. Ин тартиби кор оянда чӣ гуна иҷро мегардад?

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: — Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи махсус оид ба фаъолияти бозорҳои наздисарҳадӣ қабул карда мешавад. Ҷиҳати қабули ин Низомнома тағйироти дахлдор ба қонунгузорӣ низ пешниҳод шудаанд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намоядаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» бори аввал қабул гардидааст. Ин иқдоми нахустини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба танзим даровардани ин соҳа буд. Пеш масъалаи савдо ва хизматрасонии маишӣ бо чандин санадҳои алоҳидаи ҳукуматӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ танзим мешуд.

Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷозат дода шудааст, ки реҷаи кориро муайян кунанд.

Фикр мекунам, ки ин масъала дуруст аст. Аз тарафи раисони шаҳру ноҳия реҷаи кории нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ муайян карда мешаванд. Тартиби кори ин нуқтаҳо гуногун аст.

Таҷрибае, ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ шуда, мавриди иҷро қарор дорад, айни замон дуруст ҳисобида мешавад.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дода мешавад.

Неъматулло Ҳикматуллозода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Мутобиқи муқаррароти қисми 3 моддаи 53 -юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» тартиби амалӣ намудани савдои наздисарҳадӣ ва қаламрави дахлдорро, ки дар он низомҳои махсуси амалӣ намудани фаъолияти савдои хориҷӣ муқаррар мегарданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷии ҳамсарҳад муайян менамояд, ки ин талабот ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳдуд мегардонад.

Бинобар ин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» бо мақсади васеъ ва мушаххас намудани ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тартиби анҷом додани савдои наздисарҳадӣ таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба фаъолияти савдои хориҷӣ дар мавриди савдои хориҷии молу хизматрасонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷии ҳамсарҳад мусоидат намуда, ҷиҳати такмили асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии тиҷорати наздисарҳадӣ заминаи меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам меоварад.

Мақсади асосии лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда васеъ ва мушаххас намудани ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тартиби анҷом додани савдои наздисарҳадӣ, қабули «Низомномаи тартиби анҷом додани савдои наздисарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани савдои наздисарҳадӣ мебошад.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур хароҷоти молиявиро, аз ҷумла аз Буҷети давлатӣ, талаб намекунад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо тарафдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳиддиниён Пӯлод Муҳиддин дода мешавад.

МУҲИДДИНИЁН Пӯлод Муҳиддин: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми анҷом додани савдои наздисарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Муқаррароти қисми 3 моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», тартиби амалӣ намудани савдои наздисарҳадиро танҳо мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷии ҳамсарҳад муайян мекунад.

Лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, ки тартиби амалӣ намудани савдои наздисарҳадӣ на танҳо дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ, балки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муайян карда шавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар хулосаҳои худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ»-ро пурра ҷонибдорӣ намудаанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Инчунин татбиқ ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ