Саҳми Пешвои миллат дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

29-1Дар «Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 26-уми ноябри соли 1992 қабул шуд, зикр шудааст: «Муҳимтарин дастоварди кори иҷлосия тантанаи қонун аз болои қонуншиканӣ, бозгаштан ба роҳи конститутсионии ҳалли масъалаҳои тезутунди иҷтимоию сиёсӣ мебошад, ки ҷомеаро ба изтироб оварда буданд».

Ҳаводису таҳаввулоти босуръати солҳои аввали соҳибистиқлолӣ халқи Тоҷикистонро дар масири ҳифзу нигоҳдории арзишҳои ин неъмати бебаҳо ба имтиҳони сангини таърих мувоҷеҳ кард. Пошхӯрии Давлати Шӯравӣ боиси кандашавии равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар муносибатҳои хоҷагидории Тоҷикистон бо давлатҳои пасошӯравӣ гашта, хоҷагии халқи мамлакатро ба буҳронҳои шадиди сиёсиву иқтисодӣ дучор намуд. Гузашта аз ин, якбора боло рафтани рӯҳияи озодфикрию гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун, таҷрибаи кофии сиёсӣ надоштани роҳбарони давр ҷиҳати идораи кишвари соҳиб­ихтиёр ба авҷи майдоншиниҳо, хатари парокандашавии миллат, халалдоршавии тамомияти арзӣ ва ҷудоиандозии минтақаҳои кишвар оварда расонид. Нангинтарин пайомади ин ҳаводис он буд, ки бо ҷурми гурӯҳу ҳизбҳо, афроди алоҳида ва дахолати бевоситаи манфиатдорони хориҷӣ Тоҷикис­тон ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.

Аввалҳои моҳи сентябри соли 1992 вазъияти сиёсӣ чунон вазнин гардид, ки Президенти вақти Тоҷикистон дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби неруҳои мусаллаҳ мавриди муҳосира қарор гирифта, иҷборан ба истеъфо рафт. Моҳи октябри он сол Ҳукумати ҷумҳурӣ низ бо сабаби авҷ гирифтани муборизаҳои низомӣ байни неруҳои мухталифи сиёсӣ фалаҷ гардида, ба истеъфо рафт. Пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе ба саҳнаи даргириҳои мусаллаҳона ва ҷанги бародаркуш мубаддал шуда, Тоҷикистонро фалокати аз байн рафтан таҳдид мекард. Дар чунин вазъияти мудҳиш баргузор намудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона роҳи наҷоти Ватан буд.

Баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон аз 16-уми ноябр то 12-уми декаб­ри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд заминаҳои мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои дигаргуниҳои азими сиёсию иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷомеа, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба миён оварда, дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шуълаи умедро ба фардои неки давлатдории миллӣ, таъмини рӯзгори босаодату пурнишот фурӯзон намуд.

Қонуну қарорҳои дар иҷлосия қабулшуда, аз ҷумла қонунҳо дар бораи авфи умум, гурезагон, имтиёзҳо барои маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ ва оилаҳое, ки саробони худро аз даст додаанд, қабул шуданд, ки минбаъд барои мустаҳкам кардани асосҳои сохтори конститутсионии кишвар, таъмини волоияти қонун ва таҳкими қонуният, гирифтани пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими муносибатҳои хориҷӣ, фаъолияти мунтазами мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, заминаи боэътимод гузоштанд.

Аз рӯи таълифоти илмии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори имлҳои ҳуқуқшиносӣ Эмомалӣ Насриддинзода, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамчун нуқтаи гардиш дар ҳаёти сиёсӣ дар пайдоиш ва ташаккули арзишҳои фарҳанги ҳуқуқӣ, аз қабили давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, иҷтимоӣ, соҳибихтиёр, ҷумҳурии президентӣ, дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногуншаклии моликият, озодии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкории хусусӣ, гуногунии сиёсиву мафкуравӣ, низоми сиёсии бисёрҳизбӣ, парламентаризм, мустақилияти ҳокимияти судӣ, худидораи маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар замони шӯравӣ ҷой надоштанд, нақши ҳалкунанда дорад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ хуб қайд кардаанд, ки яке аз муҳимтарин дастовардҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар марҳилаи навини таърихӣ ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ овардани шахсияти миллию мардумӣ дар симои Эмомалӣ Раҳмон буд. Ин марди майдони сиёсати минтақавӣ ва башарӣ бо рӯҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба ­эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуд, балки дар эъмори давлат, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми сазовор гузошт.

Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатнома ба мардуми шарифи Тоҷикис­тон 12-уми декабри соли 1992 чунин иброз доштанд: «… тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

Бино ба арзёбии коршиносон, вақте ки муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд аз фарози минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ муаррифӣ шуд, дар саҳнаи сиёсии ҷумҳурӣ шахсияти тамоман нав буд. Аммо фосилаи кӯтоҳи вақт собит сохт, ки ин чеҳраи тобноки таърихӣ дар ҳақиқат давлатмадори соҳибтадбир буда, илоҷи мушкилоти пешомадаро пайдо мекунад. Бо шарофати хиради стратегӣ, иродаи қавӣ ва фаросати беназири сиёсӣ Сарвари тозаинтихоби ҷумҳурӣ тавонист дар як муддати нисбатан кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, шиддати ҷанги бародаркушии шаҳрвандиро дарҳам шиканад ва ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшад.

Дар иҷлосия фаъолияти қонунгузории давраи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол баррасӣ ва тасдиқ гардида, барои аз нав коркард намудани Конститутсия гурӯҳи кории ҳукуматӣ таъсис дода шуд. Бо хулосаи гурӯҳи кории мазкур бори аввал дар кишвар 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, дар он сохти идораи президентӣ аз нав ҷорӣ карда шуд. Қабули Конститутсия, интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар асоси Конститутсияи нав ва тасдиқу таъини ҳамаи сохторҳои давлатӣ мардуми шарифи кишварро ба сӯи таҳкими ҳокимият ва сохт­мони ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ҳидоят намуданд.

Дар «Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 26-уми ноябри соли 1992 қабул шуд, зикр шудааст: «Муҳимтарин дастоварди кори иҷлосия тантанаи қонун аз болои қонуншиканӣ, бозгаштан ба роҳи конс­титутсионии ҳалли масъалаҳои тезутунди иҷтимоию сиёсӣ мебошад, ки ҷомеаро ба изтироб оварда буданд».

29-2Дар натиҷаи қабули қарорҳои таърихию тақдирсоз, роҳандозии ташаббусҳои созандаву сулҳҷӯёна бо сарварии Раиси Шӯрои Олӣ ва баъдан (соли 1994) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, заминаҳои боэътимоду устувори бунёди аркони давлатдории миллӣ гузошта шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати ҳуқуқ­бунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифта, дар муҳлати кӯтоҳи таърихӣ соҳиби Конститутсия, Нишон, Парчами давлатӣ, Суруди Миллӣ, асъор ва рукнҳои давлатдории миллӣ гардид.

Пешвои миллат дар ин хусус чунин қайд карданд: «Дар лаҳзаҳои тақдирсози ҳаёти давлат ва халқи Тоҷикистон ба ҳам омадани фарзандони баномуси миллат, муттаҳидӣ дар атрофи Роҳбари давлат, натарсидан аз душвориву хатарҳои мавҷуда, эътимод ба ояндаи неки давлат ва халқи худ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба як давлати ободу зебо ва рӯ ба инкишоф мубаддал гардонид».

Ҳамин тавр, сӣ сол қабл дар Қасри Арбоб фарзанди фарзонаи замон Эмомалӣ Раҳмон барои роҳбарии миллати соҳибтамаддун ҷиҳати кашфи уфуқҳои нави рушду пешрафт ва соҳибдавлатӣ ба сари минбар омад ва дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ бо партавафшонии Парчами миллии пурҷилову осмонбӯс, бо эъмори майдони «Истиқлол»-у «манораи сулҳу бурҷи побарҷои миллат» дар қалби Тоҷикистон – Душанбеи гулпираҳан тантанаи истиқлолу озодӣ ва соҳибдавлатиро то саросари дунё паҳн намуд.

Фаъолияти имрӯзаи густурда ва муташаккилонаи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми ҳамон сиёсати ҳуқуқиест, ки ҳадафҳои волои он ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда буданд. Аз баракати сулҳу суботи комил ва ваҳдату ҳамдилии мардум, бо ҳидоятҳои Сарвари давлат ва фаъолияти дастаҷамъонаи аҳли ­ҷомеаи кишвар, аксари он аҳдофу вазифаҳои ҳуқуқии таъиншуда, монанди таъмини волоияти Конститутсия ва қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳаёти осудаҳолонаи халқ ва ташкили фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ гаштанд.

Дар марҳилаи кунунии рушди кишвар танҳо зарур аст, ки ваҳдату суботи сиёсӣ ҳифз шавад, тарбияи ҳуқуқии ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба асолати милливу фарҳангӣ сурат бигирад, низоми миллии ҳуқуқӣ аз даъватҳои манфии равандҳои ҷаҳонишавӣ дар канор бимонад. Салоҳиятнокӣ ва масъулиятшиносии шахсони мансабдор, ходимони сиёсиву давлатӣ, роҳбарияти ташкилоту идораҳо ва дар умум, тамоми сокинони Ватани азизу маҳбуб василаи асосии таъмин ва нигаҳдошти ин арзишҳост.

Дилшод РАҲМОН,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

 профессор,

 раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ,

 ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният,

 ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ