12 — уми апрели соли 2023 ҳайати расмии Парлумони Тоҷикистон дар доираи барномаи фарҳангии чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Эрмитажи давлатӣ ва музей — мамнӯъгоҳи «Царское село» боздид намуд.
Ёдовар мешавем, ки 12 — уми апрели соли ҷорӣ ҳайати расмии Парлумони Тоҷикистон, ки ба он аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон шомил мебошанд, таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ), ҷаласаи пленарии 55-уми АБ ИДМ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар намуд.
13 — уми апрели соли 2023 дар доираи сафари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона иштирок намуданд.
Аз ҷумла раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ, узви Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи саломатӣ, илм, маориф, фарҳанг, сиёсати ҷавонону занон, узви Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи Комиссияи иҷтимоӣ, ҳуқуқи инсон ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам дар ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо таҳдидҳои нав, мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ Ҷовид Икромов дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии назди Шӯрои АБ ИДМ иштирок намуда, андешаҳои хешро нисбат ба мавзӯъҳои баррасишуда иброз намуданд.
Дар ҷаласаҳои мазкур зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни фаъоли ҷаласаи комиссияҳои доимии АБ кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, дар фаъолияти қонунгузорӣ аз қонунҳои намунавӣ зиёд истифода мекунад. Дар ин замина савияву малакаи қонунгузории аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон беш аз пеш сайқал ёфта, таҷрибаи намояндагии онҳо ғанитар гардидааст. Иштироки онҳо дар баррасии қонунҳои намунавӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо дарки масъулият амалӣ мегардад.
Ин падидаҳои фараҳбахш шаҳодати мақому манзалати баланди Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
Дар ҷаласаҳои зикршуда намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода ва директори Маркази тадқиқоти АвруОсиё ва ҳамкории байнипарлумонии Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Баҳодур Сайдамиров иштирок намуданд.
13 — уми апрели соли равон таҳти раёсати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар он иштирок намуданд.
Аъзои Шӯро рӯзномаро, ки аз 21 масъала иборат буд, баррасӣ ва қабул намуданд.
Сарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои АБ ИДМ натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022, мониторинги интихоботи пеш аз муҳлати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва интихоботи пеш аз муҳлати вакилони Маҷлиси парлумони Қазоқистонро баррасӣ намуданд.
Аъзои Шӯро, ҳамчунин, масоили омодагӣ ба Конгресси X байналмилалии муҳити зист, ки 25-26-уми майи соли 2023 дар Қасри Таврический баргузор мешавад, Форуми байналмилалии «Санкт — Петербург — пойтахти парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва «Тараққиёти устувори территорияҳои кӯҳсор»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷаласаи зикршуда раиси Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Раҷабзода «Дар бораи фаъолияти Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ» ҳисобот дод.
Таъкид шуд, ки омода намудани заминаҳои меъёрии танзими фаъолияти АБ ИДМ ва коркарди санадҳои қонунгузорӣ оид ба танзими ҳуқуқӣ аз вазифаҳои муҳими комиссияи мазкур ба ҳисоб меравад.
Дар ҷаласаи зикршуда раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Фарҳод Раҳимӣ ва Маҳмадшоҳ Гулзода, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Саидмурод Фаттоҳзода, Шоҳмурод Рустам, Равшан Раҷабзода ва намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ Бахтовар Сафарзода иштирок намуданд.
Ҳамон рӯз ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ анҷом ёфт.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон