Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Тасдиқи созишномаҳо барои сохтмони 53 мактаби нав

№48 (4788) 17.04.2024

DSC_4055 — копияҲабдаҳуми апрели соли 2024 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 55 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа чор масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар хусуси Созишномаи қарзӣ, Созишномаи грантии кумаки техникӣ, Созишномаи қолабӣ ва Созишномаи агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи II)

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила».

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ, Созишномаи грантии кумаки техникӣ, Созишномаи қолабӣ ва Созишномаи агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи II) шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло дода мешавад. Марҳамат.

Юсуф МАҶИДӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишномаи қарзӣ, Созишномаи грантии кумаки техникӣ, Созишномаи қолабӣ ва Созишномаи агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд», ки 30 — юми январи соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, пешниҳод мегардад.

Лоиҳа барои дастгирии кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф, ки таъмини таҳсилоти босифати фарогиру одилона ва пешбурди имкониятҳои омӯзиш барои ҳамаро дар бар мегирад, равона мегардад. Лоиҳа аз қисматҳои такмилдиҳии муҳити таълим тавассути сохтмони 53 мактаб ва муҷаҳҳазонидани онҳо бо мебели мувофиқ, инфрасохтори рақамӣ, таҷҳизоти лабораторӣ ва маводҳои таълимӣ (59,3 млн. доллар), баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои таълимӣ (16,5 млн. доллар), дастгирии татбиқи лоиҳа (2,57 млн. доллар), хизматрасонии аудити молиявӣ (0,05 млн. доллар) ва қисмати вокуниш ба ҳолати фавқулода (қисмати вокуниш ба ҳолати фавқулода, ки ҷузъи алоҳида бо арзиши сифрӣ мебошад, имкон медиҳад, ки захираҳои лоиҳа барои пӯшонидани фаъолиятҳои вокуниш ба ҳолати фавқулода дар ҳолати офатҳои табиӣ, пандемия, обхезии асосӣ ва ғайра истифода шаванд) иборат мебошад. Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2024 оғоз гардида, анҷоми он соли 2029 ба нақша гирифта шудааст.

Бо пешниҳоди маълумоти мазкур аз Шумо — муҳтарам Раис ва вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки созишномаҳои пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Парвина Маликзод дода мешавад. Марҳамат.

Парвина МАЛИКЗОД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ, Созишномаи грантии кумаки техникӣ, Созишномаи қолабӣ ва Созишномаи агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи II), 30 — юми январи соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, мутобиқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Созишномаи мазкур байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд ба ҳайси агенти шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф баста шудааст, ки арзиши умумии лоиҳаи мазкур 86 миллион доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби қарзи Бонки исломии рушд ба маблағи 45 миллион доллар, гранти Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи таҳсилот ба маблағи 25 миллион доллар ва қарзи Фонди ОПЕК ба маблағи 8 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он 8 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Лоиҳа барои дастгирии кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф, ки таъмини таҳсилоти босифати фарогир ва одилона ва пешбурди имкониятҳои омӯзиш барои ҳамаро дар бар мегирад, равона карда шудааст. Ҳадафи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани сифат ва самаранокии таълим, ислоҳоти барномаи таълимӣ дар асоси сифати таҳсилот, инчунин, ҷиҳати рушди касбии омӯзгорон дар такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон иборат мебошад. Ба воситаи он сохтмони 53 муассисаи таълимӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ, инфрасохтори рақамӣ, таҷҳизоти лабораторӣ ва маводҳои таълимӣ равона шудааст, ки хонандагон аз шароити муосири таълимӣ баҳра мегиранд.

Муқаррароти созишномаҳои мазкур бо шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, зарурати ба онҳо ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба миён намеоварад.

Созишномаи мазкур дар асоси Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 — уми апрели соли 2024, № 2133 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд. Кумитаи масъул Созишномаи қарзӣ, Созишномаи грантии кумаки техникӣ, Созишномаи қолабӣ ва Созишномаи агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи II)-ро 15 — уми апрели соли 2024 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, вазоратҳои молия, маориф ва илм ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуд. Созишномаи қарзии мазкур ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Бинобар ин, ба имзо расондани санади мазкурро мувофиқи мақсад шуморида, аз шумо — вакилони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Созишномаи қарзӣ, Созишномаи грантии кумаки техникӣ, Созишномаи қолабӣ ва Созишномаи агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи II)-ро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ, Созишномаи грантии кумаки техникӣ, Созишномаи қолабӣ ва Созишномаи агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи II) ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Муҳаммад Шодиён дода мешавад. Марҳамат.

Муҳаммад ШОДИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Шукурзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Шерализода, М. Абдусаломзода К. Исмоилиён ва З. Гулаҳмадзода таҳия ва пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ба муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», истифодаи дурусти истилоҳу мафҳумҳои ҷавобгӯи талаботи муосир, такмили механизмҳои татбиқи муқаррароти қонун, инчунин, бартараф намудани номутобиқатии байниҳамдигарии меъёрҳои танзимкунандаи ҳуқуқӣ таҳия шудааст. Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, муқаддимаи қонун дар таҳрири нав ифода гардида, дар иртибот ба ҳифз, эҳтиром ва муносибат ба рамзҳои давлатӣ моддаи нав илова ва ба моддаҳои 5, 6, 8, 10 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Лоиҳаи пешниҳодгардида бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 — юми октябри соли 2023, №1873 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни баррасишавандаро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ 28 таклиф пешниҳод гардид, ки 22 таклиф қабул, 1 таклиф қисман қабул ва 5 таклифи дигар қабул нашуд. Лоиҳаи қонуни мазкур тамоми расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, кумитаи масъул 9 – уми апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои пешниҳодгардидаро муҳокима намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо он такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, амалишавии меъёрҳои он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Комрон Исмоилиён дода мешавад. Марҳамат.

Комрон ИСМОИЛИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» тибқи талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Юсуфӣ, Б. Аҳмадзода ва К.Исмоилиён дар асоси нақшаи корӣ дар самти ташаббуси қонунгузорӣ, бо дарназардошти манфиатҳои давлатӣ ва бо мақсади ба муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи табиат ва сармоягузорӣ мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» таҳия ва пешниҳод шудааст.

Бо қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаи қонуни мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ супорида шуда буд.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, баҳри бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, истифодаи истилоҳу ибораҳо мувофиқи услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ равона карда шудаанд.

Тибқи талаботи қисмҳои 1- 4 ва 15 лоиҳаи қонуни мазкур тағйиру иловаҳо имлоӣ, ки қонуни амалкунандаро ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» мутобиқ мекунад, пешниҳод карда мешаванд. Ҳамзамон, бо мақсади кам кардани миқдори талафоти технологии маъданҳои фоиданок, инчунин, пешгирӣ кардани оқибатҳои эҳтимолии манфии иҷтимоӣ-экологӣ бо қисми 5 лоиҳаи қонун ба моддаи 4 қонуни амалкунанда илова намудани сархати сеюм пешниҳод гардидааст. Инчунин, ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои таъсири зараровари корҳои тибқи созишнома анҷомдодашуда, аз ифлосшавӣ тоза кардани ҳудуде, ки дар он корҳо тибқи созишнома анҷом дода шудаанд ва суғуртаи масъулият барои ҷуброни зарар дар ҳолати садама, ки ба муҳити зист ё ҳаёт ва саломатии кормандон таъсири зараровар расонида метавонад, бо қисми 9 лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод мегардад, ки ба моддаи 9 қонуни амалкунанда сархатҳои дуюм ва сеюм илова карда шаванд.

Бо қисмҳои 6-8, 10-14 ва 16-18 лоиҳаи қонуни мазкур қисмҳо ва ҷумлаю калимаҳои баъзе қисмҳои қонуни амалкунанда дар таҳрири нав пешниҳод гардида, онро ба муқарррароти кодексҳои маданӣ ва андоз, ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи сармоягузорӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ намуда, манфиатҳои мутавозуни сармоягузору давлат ба назар гирифта мешаванд.

Кумитаи масъул 4 — уми апрели соли равон дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати мамлакат лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, қабул намудани онро маъқул донист. Тағйиру иловаҳои воридгардида лоиҳаи қонунро мукаммал намуда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», дигар санадҳои қонунгузорӣ мутобиқ гардонида шудааст ва қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир дода мешавад. Марҳамат.

Хуршедаи ҚОДИР:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» баҳри бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, истифодаи истилоҳу ибораҳо мувофиқи услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ равона карда шудаанд. Бинобар ин, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашӯрзода дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор АШӮРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мутобиқ ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ватанзода, Д. Мансурӣ, Г. Ашӯрзода ва Б. Зиёӣ бо мақсади мутобиқ намудани он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқҳои оилавӣ дар ҷомеаи мо зери диққати махсуси Ҳукумати мамлакат қарор дорад, вале то имрӯз оид ба ҳалли ин масъала муаммоҳои бисёре вуҷуд доранд. Дар ин замина, таҳия ва ба тасвиб расондани қонунҳои хусусияти иҷтимоидошта заминаи мусоидро фароҳам хоҳанд овард.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 — уми ноябри соли 2023, №1917 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, барои додани хулосаи такрорӣ ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд. Лоиҳаи қонуни мазкур тамоми расмиёти дохилиро мутобиқ ба талаботи Дастури Маҷлиси намояндагон гузашта, дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз 50 таклифи пешниҳодкардаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 21-то қабул, 21-то қисман қабул ва 8 таклиф қабул нагардид.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев