Агар пойгоҳ таъмир шавад…

№91 (4353) 10.07.2021

Пойгоҳи обкашии «50-солагии Тоҷикистон» дар ноҳияи Нуробод соли 1978 бунёд шудааст. Аз рӯзи ба истифода додани он 43 сол сипарӣ мегардад. Масофаи канали он 18 километрро ташкил дода, аз 14 агрегат иборат ва 350 гектарро бо оби полезӣ таъмин мекунад.

Ҳар сол сарбанди канал ва қисмати километри 10-14-и он бо тағйир ёфтани маҷрои дарёи Сурхоб ва омадани сел корношоям мегардад. Дар натиҷаи аз кор мондани пойгоҳкиштзор аз беобӣ хушк мешаванд ва вазъ боиси дилхунукии кишоварзон мегардад. Дар сурати таъмири асосӣ намудани пойгоҳимкон фароҳам меояд, ки дар деҳоти «Хумдон» зиёда аз 500 гектар замин бо оби полезӣ таъмин гардад.

Деҳқонони ноҳияи Нуробод бо мақсади зиёд намудани майдони кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ аз заминҳои дар ихтиёрашонбуда самаранок истифода карда, картошкаву ғалла ва дигар зироатҳои заруриро кишт мекунанд. Аммо пурра таъмин набудани оби полезӣ дар мавсим ба афзоиши маҳсулот таъсири манфӣ мерасонад, зеро аз чор агрегати мавҷудаи пойгоҳи обкашӣ ба гуфтаи кормандонаш як адади он кор мекунаду халос.

Дар мавзеи деҳоти «Хумдон» солҳо боз сокинон ба картошкакорӣ аҳамияти махсус медиҳанд, зеро даромаднокӣ дар қиёс ба дигар зироатҳо аз картошка намуди зироат бештар мебошад.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки аҳли заҳмати ноҳия ба хотири рушди соҳа ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳама имкон истифода мебаранд, аммо масъулони соҳаи беҳдошти замини ҷумҳуриро зарур аст, ки дар масъалаи таъмини заминҳои киштбоб бо оби полезӣ бепарвоӣ накунанд, то заҳмати кишоварзони ноҳия барабас наравад.

Д. МИРЗО,

 «Садои мардум»