Дирӯз дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.
Дар он раиси шаҳри Душанбе, муовинони раис, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони сохтор ва муассисаву корхонаҳои шаҳр ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар дода, ҳамчунин зикр карданд, ки ба рӯзномаи иҷлосия 5 масъала — оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои 58, 61 ва 67, ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018», баррасии лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2018 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2016, баррасии лоиҳаи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025», оид ба тасдиқ намудани қарори раиси шаҳри Душанбе аз 20 июли соли 2017 «Дар бораи Дурнамои рушди савдо ва хизматрасониҳои маишӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017 — 2025» ва тасдиқи як силсила қарорҳои раиси шаҳри Душанбе ворид шуданд.
Дар ибтидо иҷлосия натиҷаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо аз 19 ноябри соли 2017 дар ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои 58, 61 ва 67 ҷамъбаст намуда, ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо дар ҳавзаҳои номбурда тасдиқ кард.
Инчунин, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанберо дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ҷамъбаст ва вазифаҳоро барои соли 2018 муайян кард.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ, Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) дар моҳҳои январ — сентябри соли 2017 ба 7510,0 (ҳафт миллиарду панҷсаду даҳ) миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 дарсад ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 17,7 дарсадро ташкил дод.
Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2017 сохтори Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) аз ҳисоби истеҳсоли молҳо 22,9 дарсад, хизматрасонӣ — 73,2 ва андозҳо 3,9 фоиз ташаккул ёфт.
Дар моҳҳои январ — сентябри соли равон рушди МММ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 103,6 дарсад, боркашонӣ — 101,4, гардиши савдои чакана — 101,3 ва хизматрасонии пулакӣ 103,7 дарсад таъмин гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 467 корхонаи саноатии шакли моликияташон гуногун, бо дарназардошти субъектҳои хусусӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1406,6 (як миллиарду чорсаду шаш) миллион сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 дарсад зиёд мебошад.
Баъди баррасии масъалаҳо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз роҳбарон ва масъулини сохторҳо талаб кард, ки камбудӣ ва нуқсонҳои мавҷударо сари вақт бартараф намуда, дастуру супоришҳои роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, баҳри пешрафт, тараққӣ ва ободонии шаҳр ҷиҳати фароҳам овардани зиндагии шоиста ба тамоми қишри ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Дар хотима аз рӯи масъалаҳои баррасишуда ва як зумра қарорҳои қабулнамудаи раиси шаҳри Душанбе вобаста ба соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.