Дар шаҳри Ҳисор рӯзҳои тантанаи ҷашни байналмилалии Наврӯз беш аз 111 иншоот ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Зимни ба истифода додани дармонгоҳи «Наҷотбахш» дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ҳисор, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раънохон Бобоҷониён ва Сурайё Дӯстмуродзода ширкат варзиданд. Дармонгоҳ дар масоҳати 285 метри мураббаъ сохта шуда, аз се ошёна ва таҳхона, 12 ҳуҷраи корӣ, ду ҳуҷраи ҷарроҳӣ, ҳашт ҳуҷраи ёрирасон ва 20 кати хоб иборат аст. Он бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби бародарон Эшовҳо сохта, шуд. Дар муассисаи тандурустӣ 17 табиби баландихтисос ва ҳамшираҳои шафқат бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки бо мусоидати Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Ҳисор ҳавасмандии бахши хусусӣ дар соҳаи тандурустӣ эҳсос мешавад. Ин дуюмин дармонгоҳи хусусӣ мебошад, ки ба фаъолият оғоз намуд. Сохтмони чор иншооти дигари хусусӣ идома дорад ва то баргузории ҷашн мавриди истифода қарор дода мешавад.
Ҳамчунин, дар шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор бунёди биноҳои ошёнадори хизматрасонӣ босуръат идома дорад. Аз ҷумла, дар кӯчаи «Дӯстӣ»-и маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳраки Шарора аз ҷониби соҳибкорон Баҳром Холов ва Маҳина Холова бинои хизматрасонии Маркази савдои «Кӯли Сӯфиён», ки аз сартарошхона, дорухона, сехи дӯзандагӣ, мағозаи либосҳои кӯдакона ва занона, хӯрокворӣ, дӯкони гӯштфурӯшиву маҳсулоти гӯштӣ ва ошхона иборат аст, бунёд ёфта, даҳ сокини шаҳрак бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд. Дар маҳаллаи Домуллоҷонов низ бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Бахтиёр Шокиров маркази савдои дуошёнаи «Элегант» ва сехи дӯзандагӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар деҳаи Лолагии деҳоти «Навобод» соҳибкор Шодибек Қурбонов бинои дуқабатаи иборат аз нуқтаи таъмир ва шустушӯи нақлиёт, нонпазхона ва осиёбро бо даҳ ҷойи кор бунёд намуд. Номбурда ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки доимо омӯзиши ду-се забони хориҷиро ба наврасон таъкид мекунанд, дар ошёнаи дуюми бино барои забономӯзии фарзандони деҳа синфхонаҳои омӯзиши забонҳои англисӣ ва русиро ба роҳ мондааст.
Соҳибкори ҳамин деҳа Хурсандмурод Кенҷаев дар масофаи на чандон дуртар аз ин иншоот бинои дуошёнаи иборат аз мағозаи хӯрокворӣ ва толори варзишӣ сохт.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар даромадгоҳи деҳаи мазкур аз иншооти бунёднамудаи соҳибкори маҳаллӣ Абдувалӣ Юсуфов, ки аз дӯконҳои табақтарошӣ, гаҳвораю сандуқсозӣ иборат буда, барои занону духтарони маҳаллӣ сехи омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, зардӯзӣ, шерозбофӣ, қуроқдӯзӣ, зочабофӣ ва ғайраро роҳандозӣ кардааст, дидан намуданд. Соҳибкор бо бунёди иншоот устоҳои маҳаллӣ ва занони ҳунарманди деҳаро ба кор даъват карда, бо ташкили шароити мусоид барои ҳунаромӯзӣ ҷавонон ва духтарони деҳаҳои атрофро низ ҷалб кардааст.
Сипас, дар мавзеи Чинор, воқеъ дар деҳоти ба номи Мирзо Ризо, ошхонаи миллӣ бо шароити замонавӣ, ки аз ҷониби соҳибкор Собирҷон Юсуфов сохта шудааст, ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамон рӯз бо иқдоми ин соҳибкори ватандӯст бо иштироки фаъолони деҳаи Хоҷачилдиёр тӯйи хатнасури 15 кӯдак аз оилаҳои камбизоат баргузор шуд.
Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёди 767 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ шуда, то ҳол 537 адади он ки бештараш ба бахши иҷтимоӣ рост меояд, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Сокинону соҳибкорони ватандӯст тасмим гирифтаанд, ки то рӯзи баргузории ҷашни бузурги миллӣ ин рақамро ба 866 адад расонанд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»