Яке аз рӯйдодҳои муҳими даврони навини мо соҳибистиқлол гаштани давлати Тоҷикистон мебошад. Бо шарофати Истиқлолият миллати тоҷик соҳиби давлат, соҳиби тақдир ва соҳиби имрӯзу фардои хеш гардид. Тоҷикистон дар қатори зиёда аз 190 давлати дунё ҳамчун давлати мустақил шинохта шуд ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмон-ҳои байналмилалӣ гардид.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ифодакунандаи соҳибихтиёрии давлат дар дохили давлат ва мустақилияти он дар муносибатҳои байналмилалӣ тақозо менамояд, ки ни-ҳодҳои давлат чунон бояд ташкил шаванд ва фаъолият кунанд, ки вазифаи таърихӣ ва бунёди давлатро иҷро намоянд.
Бо эълони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва қабули санадҳои дахлдор халқи Тоҷикистон роҳи таърихӣ ва тақдирсози худ — бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро муайян кард. Ин қарори таърихӣ талаб мекард, ки ҳар чӣ тезтар пояҳои мустаҳками чунин давлат гузошта шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъкид карда буданд, ки: «Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузошт».
Вале, кашмакашҳои дохилӣ ва баъдан ҷанги шаҳрвандӣ садди роҳи ин раванд гардиданд. Хушбахтона, баъд аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва барқарор гаштани сохти конститутсионӣ бунёди давлатдории навини Тоҷикистон оғоз шуд.
Зарур буд, ки ҳар чӣ тезтар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳия ва қабул карда шавад. Зарурати қабули ин санади тақдирсозро тамоюлоти комилан нави инкишофи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ, ки дар заминаи арзишҳои нави ҷомеаи тозабунёд барпо мешуданд, талаб мекарданд. Ҳамчунин зарур буд, ки дар сатҳи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои давлатдории навини мо гузошта шаванд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки бояд дар Конститутсияи (Сар-қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли худро пайдо мекард, ин муайян намудани шакли идораи давлат буд. Яъне, зарур буд, ки шакли идораи президентӣ ё парлумониро интихоб намоем. Бояд зикр кард, ки баъди барқарор гаштани ҳокимияти конститутсионӣ ва муваққатан даст кашидан аз ниҳоди президентӣ, баъзе аз неруҳои сиёсӣ ақидаи таъсиси шакли идораи парлумониро дар мамлакат пуштибонӣ мекарданд.
«Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузошт».
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар асоси ин андешаҳо гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ду лоиҳа, яъне лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии «президентӣ» ва лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии «парлумонӣ»-ро ба Комиссияи конститутсионӣ пешниҳод кард. Баъди муҳокимаҳо дар Комиссия ва баъдан дар Иҷлосияи XVIII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи президентӣ қобили қабул дониста шуд. Ҳаёт дурустии ин интихоби таърихиро собит кард ва нишон дод, ки чунин шакли идораи давлат ҷавобгӯ ба манфиатҳои ҷомеаи мо мебошад.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ормону ниятҳои ниёгон ва наслҳои имрӯзу фардои миллатро амалӣ гардонида, асосҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеаро гузошта, ниҳодҳои давлатдории миллии моро муайян намуд.
Тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳачмун мақсади ҷомеа муайян гардид. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ этироф гардида, низоми ягонаи ҳокимияти давлатӣ созмон дода шуд. Бо истифода аз ин имкониятҳои ҷомеаи навин мо тавонистем, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, ҳаёти осудаҳолона ва шароити зарурии зиндагиро барои ҳамватанон муҳайё намоем.
Бешубҳа, ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихии давраи истиқлолият мебошад. Сулҳ ва ваҳдати миллӣ боиси пешрафти ҳаёти ҷомеа ва такмили сохтори давлатӣ гардид. Дар асоси тағйиру иловаҳое, ки тибқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1999 ба Конститутсияи (Сар-қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд, парламенти касбии думаҷлиса -Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти ҳокимияти иҷроия ва судӣ такмил дода шуд.
Бояд зикр намоем, ки таъсиси парламенти думаҷлиса, ки Маҷлиси намояндагони он ба таври доимӣ ва касбӣ фаъолият мекунад, ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллӣ ва ҷомеа буда, заминаи мустаҳками ҳуқуқии инкишофи босуръат ва устувори иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангии кишварро таъмин менамояд.
Бо мақсади пурра ва ҳамаҷониба таҳти танзими конститутсионӣ қарор додани рушду такомули муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва аз ҳама муҳим, таъмину таҳкими кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон, тағйиру иловаҳои навбатӣ соли 2003 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд.
Такмили Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки минбаъда дастовардҳои истиқлолият, рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату субот дар ҷомеа, нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештару беҳтару устувортар гардад.
Қобили зикр аст, ки такмили идораи давлатӣ, муназзаму мукаммал гаштани сохтори он ба раванди инкишофи ҷомеа, рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу ҳаёти сиёсӣ пайвастагии ногусастанӣ дорад. Ва, дар навбати худ, низоми мукаммалу муназзами давлатӣ ба пешрафти босуръати соҳаҳои номбурда мусоидат менамояд.
Бинобар ин, пайваста барои такмили идораи давлат, рушди шохаҳои ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатӣ тасдиқ гардид, ки мақсади он, пеш аз ҳама, ба афзалиятҳои давлат мутобиқ гардонидани сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ, низоми шаффофи фаъолияти мақомоти давлатӣ, харҷи самараноку сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимойӣ ва фарҳангии кишвар мебошад.
Дар асоси ин Стратегия Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки тибқи он сохтори идораи давлатӣ ва миқдори вазорату идораҳои он ба талаботи рушди ҷомеа мутобиқ гардонида шуданд.
Нисбат ба ҳокимияти судӣ низ дар давраи истиқлолият дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайваст. Аз ҷумла бо мақсади таъмини волоияти меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи он Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Тибқи тағйироти ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 воридшуда, баҳри боз ҳам таҳким бахшидан ба кафолати мустақилияти судяҳо синну соли ниҳойӣ ба вазифаи судягӣ таъин шудан аз 60 то ба 65- солагӣ боло бурда шуда, муҳлати ваколати онҳо аз панҷ то ба даҳ сол зиёд гардид.
Соли 2007 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардид, ки пурра амалӣ шуд. Бинобар ин, дар оғози соли 2011 барномаи нав дар ин соҳа тасдиқ гардид, ки тибқи он барои ҳифзу ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳақиқату адолат тадбирҳои иловагӣ пешбинӣ шуданд.
Яке аз вазифаҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Дар ин самт дар даврони истиқлолият корҳои зиёде анҷом дода шудааст. Аз ҷумла аксарияти санадҳои байналмилалии соҳа ба тасвиб расонида шуда, нисбати онҳо маърӯзаҳои миллӣ ба сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод ва ҳифз шуданд. Баҳри иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумат дар оянда низ тамоми чораҳоро меандешад, зеро ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз самтҳои афзалиятноку муҳими давлатии мо мебошад.
Бо мақсади густариши минбаъдаи раванди демократикунони ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон соли 2009 мақомоти махсус – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки он аз тамоми салоҳияти зарурӣ бархӯрдор мебошад.
Қобили ёдоварист, ки бо назардошти мақсаду вазифаҳои дарпешистода пайваста низоми идораи давлатӣ мукаммал мегардад, баҳри тавсеаи демократия дар мамлакат, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳамватанонамон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Зариф АЛИЗОДА,
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон