ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Ба муносибати ҷашни 22- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо карда истодааст. Соҳибкорон низ дар ин маъракаи муҳим фаъолона иштирок менамоянд. Чунончӣ, соҳибкори ватанӣ Сайдраҳмон Қаҳҳоров дар маҳаллаи 14-уми шаҳр ба бунёди бинои истиқоматии нуҳошёна оғоз намудааст. Ин дуюмин бинои нуҳошёна аст, ки дар маркази вилоят бунёд мегардад. Нахустин бинои нуҳ-ошёнаи истиқоматӣ ҳанӯз дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ сохта, ба истифода дода шуда буд. Бинои нав аз 64 ҳуҷра иборат хоҳад шуд. Имрӯзҳо баҳри бунёди ин манзил бинокорони соҳибихтисос машғули коранд. Маоши моҳонаи ҳар кадоми онҳо аз 1200 то 1700 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин бинокорон бо либоси корӣ ва рӯзе ду вақт бо хӯроки ройгон таъмин карда мешаванд. Пудратчии асосии сохтмон ҶДММ-и «Бунафша»- и шаҳри Душанбе аст.
Матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.
Эмомалӣ Раҳмон