МУЪМИНОБОД. (Нурулло ҲАСАНОВ) Чанде пеш дар ноҳияи Муъминобод бо намояндагони аҳли ҷомеаи ноҳия вохӯрӣ доир гардид. Дар он муовини раиси вилояти Хатлон Ситора Шерова, раиси ноҳия Пирмадхон Зарипов оид ба муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷамоатчигии кишвар ҳарф заданд. Онҳо изҳор намуданд, ки мардуми ноҳия низ дар самти ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва арзиш-ҳои фарҳангиву динӣ фаъолияту ҳамгиройӣ нишон хоҳанд дод.
Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон