Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Исломи Раҷабалиро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» №16 (4599) аз 25 январи соли 2023, зери унвони «Восеъ: Чаро қасри фарҳангро ба соҳибкор доданд?» рӯи чоп омадааст, мавриди омӯзиш қарор дод.
Дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, бинои хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти «Тугарак» солҳои 70- уми асри гузашта аз ҷониби хоҷагии коллективии ба номи «Хоҷа Мӯъмин» (колхоз) сохта шудааст.
Баъд аз таҷдиди хоҷагии мазкур хонаи фарҳанг тибқи санад ба мувозинаи Ҷамоати деҳоти «Тугарак» гузаронида шудааст. Бинобар фарсудашавии бинои хонаи фарҳанг, айни замон кормандони он муваққатан дар бинои Ҷамоати деҳот фаъолият менамоянд. Қайд кардан бамаврид аст, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бинои хонаи фарҳанг ба таъмир фаро гирифта шуда, оид ба хариду фурӯши бинои мазкур ягон ҳуҷҷати расмӣ вуҷуд надорад.
Давлат Сафарзода,
муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон