- Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) барои омода кардани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ мунтазам чораҳои мушаххас меандешад. Дар робита ба ин, соли ҷорӣ дар зинаи таҳсилоти бакалавриат (шуъбаи рӯзона) ихтисосҳои «Иқтисодиёти рақамӣ», «Системаҳои муҳофизатии иттилоот» ва дар зинаи таҳсилоти магистратура ихтисоси «Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисод)» бо мувофиқаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати ихтисосҳо оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ворид намуд,- изҳор дошт муовини якуми ректори ДДТТ Саймаҳмуд Саидов дар нишасти матбуотӣ, ки 14 июли соли 2022 доир гардид.
Ба саволи хабарнигори рӯзнома дар бораи сабаби кам будани теъдоди онҳое, ки дар магистратура (ҳамагӣ 78 нафар) таҳсил менамоянд, муовини якуми ректор, пеш аз ҳама, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва уҳдадории умумии ҳарбӣ» ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват шудани магистрантҳоро, ки ҳуқуқи ба таъхир мондани хизмати ҳарбиро надоранд, вобаста донист.
- Донишгоҳи мо аз рӯи 10 ихтисос дар магистратура мутахассис омода менамояд. Соли ҷорӣ ба ДДТТ 17 магистр дохил шуданд, ки аксарашон аз ҳисоби бонувонанд, - илова кард ӯ.
Дар робита ба хатмкунандагони донишгоҳ, ҷои кор пайдо карда тавонистани онҳо С. Саидов гуфт, ки дар ДДТТ Ассостсиатсияи хатмкунандагон амал мекунад, ки яке аз самтҳои фаъолият дар робитаи доимӣ будан бо онҳоест, ки ин даргоҳи илмро хатм намуданд.
А. МУРОДОВ,
«Садои мардум»