- Соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия ба 236,2 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли гузашта, 78,13 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Айни замон дар ноҳия 70 корхонаи хурду бузурги саноатӣ мавҷуд буда, дар соли гузашта 7 коргоҳи истеҳсолии нав бо таъсиси 53 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуд, — гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Нурулло Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ нуҳуми феврали соли 2023.
Ӯ, ҳамчунин, изҳор дошт, ки соли сипаришуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1 ҳазору 158,3 миллион сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш 111,4 фоизро ташкил дод.
- Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия як қатор корҳои созандагию ободонӣ идома дошта, тибқи нақшаи тасдиқшуда, 323 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар 114 иншоот корҳои сохтмонӣ пурра ба итмом расида, дар он 176 сокини маҳаллӣ бо ҷойи нави кор таъмин гардиданд, — изҳор дошт Нурулло Мирзозода.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»