Аз нишастҳои матбуотӣ

Маҳсулоти пастсифат нобуд карда шуд

№17 (4757) 05.02.2024

20240129_142410 - Кормандони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар минтақаи Кӯлоб соли 2023 барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти пастсифати 2022 килограмм маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузаштаро мусодира ва нобуд карданд, — гуфт сардори раёсат Ҷӯрахон Сайдализода 29-уми январ зимни нишасти матбуотӣ.

Кормандони раёсат дар 289 нуқтаи савдо, бозорҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ санҷиш гузаронда, барои саҳлангорӣ 346 нафар соҳибкоронро ба маблағи 86 ҳазору 972 сомонӣ ҷаримабандӣ намуданд.

Инчунин, 73 корхонаю ташкилот ва соҳибкоронро мавриди санҷиш қарор дода, 41 нафар коргари сехҳои хурди истеҳсолӣ дар асоси талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 8500 сомонӣ ҷаримабандӣ гардиданд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»