Аз нишастҳои матбуотӣ

Таъминот бо адабиёти илмӣ ва таълимӣ хуб аст

№ 17.02.2023

IMG_645132- Соли 2022 беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, омода кардани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани маҳорат, васеъ намудани ҷаҳонбинии донишҷӯён, мутобиқ намудани стандартҳои таълимӣ ба низоми кредитии таҳсилот, таҳияи барномаҳо ва таълифи китобу дастурҳои таълимӣ, таҳкими иқтидори илмӣ-техникӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ меҳвари фаъолияти раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буданд, — зикр намуд ректори он дар нишасти матбуотӣ, ки 10-уми феврали соли ҷорӣ доир гардид.

Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ ба суоли хабарнигори рӯзнома оид ба таълиму тадрис дар факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ чунин посух дод:

- Дар факултет 157 донишҷӯ таҳсил мекунанд. Заминаи моддӣ — техникии факултет ҷавобгӯ ба талаботи муосир пурра муҷаҳҳаз аст. Бар замми ин, бо маблағгузории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар кардани базаи моддӣ — техникӣ лоиҳаи алоҳида амалӣ мешавад.

 Бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи М. Миршакар, Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ шартномаи ҳамкорӣ дорем, ки тибқи он, донишҷӯён таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар ин китобхонаҳо мегузаронанд. Роҳбарияти китобхонаҳо барои донишҷӯён ҳуҷраҳои алоҳида низ ҷудо кардаанд, ки дар он ҷо дарсҳо гузаронида мешаванд.

- Дар мавриди таъминот бо адабиёти илмӣ ва таълимӣ низ корҳо хуб ба роҳ монда шудаанд. Мувофиқи нақша, ҳар сол ҳамаи китобҳои тозанашреро, ки барои донишҷӯён лозим аст, харидорӣ мекунем. Соли гузашта дар заминаи факултети китобдорӣ китобхонаи алоҳидаи адабиёти классикӣ таъсис ёфт, ки дар ҳамкорӣ бо нашриёти «Адиб» онро бо адабиёти бадеӣ пурра таъмин кардем, — гуфт ректор.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»