Барқияи табрикӣ

№112 (3413) 21.08.2015

19 августи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷалолатмаоб!

Боиси сарфарозист, ки Шумо ва дар шахси Шумо мардуми Афғонистони ҳамҷаворро ба муносибати фаро расидани солгарди ҷашни фархундаи истирдоди Истиқлол самимона табрик ва таҳният мегӯям.

Тоҷикистон ва Афғонистон тӯли садсолаҳо ҳамчун ҳамсоягони нек ва кишварҳои дорои равобити дерини дӯстона ва пайвандҳои маҳкам зиндагӣ доштанд ва чунин хоҳанд монд. Мо ба ин суннати бузурги таърихӣ содиқем ва густаришу таҳкими равобит бо Афғонистонро аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар медонем.

Мо аз раванди густариши равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст қаноатмандем. Бунёди сиёсиву ҳуқуқии равобит ва ҳамкории мо таҳким ёфта, соҳаҳои ҳамкорӣ тавсеаи бештар меёбанд. Мо бар онем, ки ҳар ду ҷониб пайгирона соҳаҳо ва роҳҳои нав ба нави ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ҷустуҷӯ ва мавриди истифода қарор диҳанд. Тоҷикистон аз ҷониби худ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то ин муносибатҳо ҳамеша дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи манофеи ҳар ду ҷониб бошанд.

Дар марҳилаи имрӯзаи ҳассос ва сарнавиштсози Афғонистон, мо мисли пешин хоҳони таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор дар ин кишвари бародар буда, дар симои он як сарзамини осудаву мутараққиро диданием ва барои ин мақсад аз ҳеҷ кӯшише дареғ нахоҳем варзид. Орзуманди тансиҳатии комил, комёбиҳои бештару хушрӯзии Шумо, Ҷалолатмаоб ва рифоҳу пешрафту саодат ва осудагии мардуми бародари Афғонистон ҳастам».

www.president.tj