Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон таъин намудани Муминзода М.Т.

№15 (4755) 31.01.2024

4Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Муминзода Мастура Табарӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№740

МУМИНЗОДА Мастура Табарӣ

аз 13 августи соли 2019 дар мансаби Муовини Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон кор мекард.

Соли таваллуд 13 декабри 1974                 Ҷои таваллуд  ноҳияи Данғара

Миллат        тоҷик                                         Таҳсилот       Олӣ

Соли 1998 Донишгоҳи Давлатии миллии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст

Ихтисос иқтисодчӣ

Унвони илмӣ надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не    не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не

Вазъи оилавӣ  оиладор

                                           Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1993-1996 - Муҳосиби  корхонаи фаръии «Адолат» ширкати «Тавҳид»-и  ноҳияи Данғара
Солҳои 1996-1998 - Муҳосиби  литсеи агросаноатии Ю. Акинои ноҳияи  Данғара
Солҳои 1998-2003 - Мутахассиси  шӯъбаи иқтисоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Данғара
Солҳои 2003-2011 - Мудири  бахши умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара
Солҳои 2011-2017 Мудири  шӯъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи  раиси ноҳияи Данғара
Солҳои 2017-2018 Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара
Солҳои 2018-2019 Муваққатан бекор
аз августи соли    2019
то 30 январи соли 2024
Муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон