9 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдони марказии пойтахт дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони пойтахт ва мардуми шарифи Тоҷикистонро бо камоли ифтихору хушҳолӣ ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлативу озодии Ватани маҳбубамон самимона табрик намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳарчанд сӣ сол дар муқоиса бо таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик ва анъанаҳои давлатдории он муддати чандон тӯлонӣ нест, вале дар сарнавишти мардум марҳалаи озмоиши ҷиддии таърих ва солҳои ҳассоси ҳимояи ҳастӣ, таъмини сулҳу субот ва бунёди давлатдории миллии тоҷикон мебошад.
Таъкид гардид, ки ин сисола бо ҳама дастоварду пешрафтҳои давлати миллиамон, ки ба онҳо бо заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми шарифи кишвар ноил шудем, дар ҳақиқат, арзиши садсолаҳоро дорад. Ҳар як соли Истиқлолияти давлатӣ аз лиҳози масъулияти таърихӣ ва ҳам аз рӯи мушкилоте, ки бар сари халқ омад, бо даҳсолаҳо баробар аст.
Ба андешаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷлили санаи ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон шукрона аз сарнавишт мебошад.
- Дастоварди бузургтарин дар замони Истиқлолияти давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки ба ин неъмати зиндагибахш бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидем, — иброз доштанд Сарвари давлат ва афзуданд, ки қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем.
Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар иштирокчиёни чорабинии идонаро ба солгарди 30-юми ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборакбод гуфта, бо итминон изҳор доштанд, ки даҳсолаҳои ояндаи асри XXI барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли он даврони дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва комёбиҳои боз ҳам бештари илмиву фарҳангӣ хоҳад шуд.
Сипас, роҳбарону кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт, кормандони вазорату идораҳо, намояндагони соҳаҳои гуногуни мамлакат, донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва намояндагони қишрҳои ҷомеа бо навбат бо шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба Ватан — Модар, арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат роҳпаймоӣ карданд.
Роҳпаймоӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ гузаронида шуда, дар он беш аз 30 ҳазор нафар фаъолона иштирок намуданд.