Истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи ноҳияи Ишкошим

№ 14.10.2024

113 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Ишкошим ташриф оварданд.

Меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи муваққатӣ воқеъ дар деҳаи Дашт сокинон ва аҳли фарҳангу ҳунар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Маврид ба ёдоварист, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим 110 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд. Аз ин шумора то имрӯз 74 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дар муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳтар гардидани хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум нақши муҳим мегузоранд.