Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ

№78(3379) 08.06.2015

18403126799_f3af1fd923_o
Ҳ
аштуми июни соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масоили Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, маориф ва ғайра, баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: «Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба бо кишвари дӯсту бародари Афғонистон буд, ҳаст ва хоҳад монд. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ин муносибатҳо ҳамеша дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манофеи ҳар ду ҷониб бошанд. Дар байни кишварҳои минтақа мо ба ҳамкорӣ бо кишвари шумо алоқамандии хос дорем».

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар робитаҳои хориҷии Афғонистон басо баланд арзёбӣ карда, аз ҷумла, изҳор дошт, ки «ин аввалин сафари хориҷии ӯ пас аз интихоботи президентии кишвараш ва ба мақоми Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон расиданаш мебошад, ки ба Тоҷикистон рост омадааст».

Аз заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, ки иборат қариб аз 80 санад мебошад, изҳори қаноат карда шуд. Фаъол гардидани хатти барқи 220 — киловолтаи Тоҷикистону Афғонистон, пулҳои мошингузари миёни ду кишвар ва нақшаҳои калонмиқёси минтақавӣ доир ба кашидани хатти барқи 500-киловолтаи CASA-1000 ва сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон — Афғонистон — Туркманистон намунаҳои возеҳи густариши робитаҳои судбахши ду давлати ҳамсоя номида шуд.

Гуфтугӯйи судбахш ҳамчунин доир ба кашидани лӯлаи гази Афғонистон-Тоҷикистон, сохтмони роҳи оҳани Хитой — Қирғизистон — Тоҷикистон — Афғонистон — Эрон ва дигар нақшаҳои ояндаи минтақавӣ сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки сохторҳои масъули Тоҷикистону Афғонистон бояд дар татбиқи босуръат ва босифати ин нақшаю тадбирҳо бештар фаъол бошанд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили амниятӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгаройӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, зоҳир гардид.

Масоили дигари минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Шанхай,  ҳамчунин рӯзномаи масоили ҷаҳонии вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

www.president.tj