Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ

№130 (3431) 30.09.2015

28 сентябри соли 2015 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот намуд.

- Итминон дорам, ки саъю талоши муштараки мо ва тамоми ҷомеаи байналмилалӣ ба таъмини субот, сулҳ ва пешрафти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусоидат хоҳад кард, — иброз дошт дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо сатҳи кунунии муносибатҳои ду кишварро баланд арзёбӣ намуда, масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, энергетика,  ҳамлу нақл, маорифро баррасӣ карданд.

Таваҷҷуҳи бештар ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон — Туркманистон,  омодасозии заминаи бунёди роҳи оҳани Хитой – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон -  Эрон ва хатти барқи баландшиддати CASA-1000 аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон зоҳир гардид.

Дар мулоқот инчунин доир ба масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгаройӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

 www.president.tj