Пазироии Сарвазири Қирғизистон

№78(3379) 08.06.2015

18593283732_2b04e43326_o
Нимаи дуюми р
ӯзи ҳаштуми июни соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Сариевро, ки бо сафари расмӣ ва ҳам барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Изҳори бовар карда шуд, ки сафари расмии Сарвазири Қирғизистон ба Тоҷикистон ба рушди ҳамкории дуҷониба ва бартарафсозии мушкилоти мавҷуда мусоидат мекунад.

Тавре зикр гардид, гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар се моҳи соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 4,3 баробар афзудааст ва ин гувоҳӣ аз анҷоми тамоюли камшавии босуръати ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, ки дар соли 2014 нисбат ба соли 2013-ум ба назар мерасид, номида шуд.

Хотиррасон гардид, ки соли 2014 ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон нисбат ба соли 2013-ум 3,5 баробар коҳиш ёфта буд. Барои боз ҳам афзун гардидани нишондодҳои тиҷоратӣ ва боло бурдани иқтидори транзитии ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла додани мақоми байналмилалӣ ба гузаргоҳи сарҳадии Қарамиқ, зарур дониста шуд.

Таъкид гардид, ки корҳо барои муайянсозӣ ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Қирғизистон бояд бо дарназардошти манфиатҳои ҳар ду ҷониб бомаром идома дода шаванд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба ҳамгироии минтақавии Тоҷикистону Қирғизистон доир ба масоили вобаста ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ ва ҳифзи муштараки манфиатҳои ба ҳам наздики ду кишвар ва роҷеъ ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

www.president.tj