12 сентябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
***
Нимаи дуюми рӯзи 12 сентябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Бишкек — пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон шуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Манаси шаҳри Бишкек Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Худи ҳамон рӯз мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар назар аст.
Дар ҳошияи мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой имзои созишномаи дуҷониба доир ба кашидани лӯлаи гази Туркманистон-Хитой аз тариқи қаламрави Тоҷикистон пешбинӣ мегардад.
Сенздаҳуми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуда, чанд мулоқоти дуҷонибаи дигар анҷом хоҳад дод.
www.president.tj