Суханрони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

№ 23.03.2023

12Муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо,

Муҳтарам Дабири кулл,
Муҳтарам Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милал,
Ҳозирини гиромӣ,

Шуморо дар ин ҳамоиши муҳимми таърихӣ шодбош гуфта, сипоси амиқи худро ҷиҳати иштироки фаъолатон дар раванди омодагии он иброз менамоям.

Басо рамзист, ки ҳамоиши мазкур ба Рӯзи ҷаҳонии об ва ҷашни байналмилалии Наврӯз рост меояд.

Ҳамаи шуморо ба ин муносибат сидқан табрик мегӯям.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад.

Бо ибтикори ҷониби мо Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намудааст ва татбиқи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об заминаи сазовор гузоштанд.

Албатта, дар пешбурди чунин ҳадафҳои глобалӣ давлатҳои узв ва ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла аъзои Гурӯҳи дӯстони об нақши муҳим мебозанд.

Бо истифода аз фурсат, мехостам ба ҳамаи онҳо барои талошҳои пайваста ва фаъолашон дар ин самт изҳори миннатдорӣ намоям.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Чуноне медонед, имрӯз захираҳои об зери таъсири амиқи таҳдиду хатарҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди “нерӯи сабз” ва пойдории табиат бетаъсир намемонад.

Дар ин радиф тағйирёбии иқлим низ ҳамчун омили таъсиррасон ба захираҳои оби ошомиданӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи мо қарор дорад.

Обшавии босуръати пиряхҳо, чи дар Арктикаву Антарктида ва чи дар қитъаҳои континенталии сайёра, намунаи возеҳи ин зуҳурот мебошад.

Аз тарафи дигар, афзоиши босуръати шумораи аҳолии ҷаҳон ба зиёдшавии талабот ба об оварда мерасонад.

Ин ду омил боиси он гардид, ки дар панҷ даҳсолаи охир нишондиҳандаҳои таъмини об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон қариб дуюним баробар ва дар минтақаҳои алоҳидаи олам, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, зиёда аз чор баробар паст шудааст.

Гузашта аз ин, тағйирёбии иқлим сабаби афзоиши бесобиқаи офатҳои табиии марбут ба об гардида истодааст.

Ҳамаи мо соли гузашта ва зимистони соли ҷорӣ шоҳиди хушксоливу обхезиҳои бесобиқае будем, ки бо миқёси бузург ва фарогирии ҷуғрофӣ бори дигар ҳамбастагии зичи обу иқлимро собит намуданд.

Тоҷикистон низ ҳамасола аз офатҳои табиии марбут ба об хисороти зиёди молию ҷонӣ мебинад.

Ин ҳолат ба талошҳои мо барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд.

То ҳанӯз ду миллиард нафар аҳолии сайёра ба оби ошомидании бехатар ва зиёда аз сеюним миллиард ба шароити нисбатан хуби беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд.

Ҳамасола қариб ним миллион одам аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасад.

Мутаассифона, ин ва дигар далелу рақамҳо аз нокифоя будани амалҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда дарак медиҳанд.

Маҳз ба ин хотир, дар раванди омодагӣ ба Конфронс мо бо Подшоҳии Нидерланд ва шариконамон аз  Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи асосиро ба гирифтани уҳдадориҳо ҷиҳати суръатбахшӣ ба амалҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди марбут ба об равона намудем.

Вобаста ба ин, дар доираи Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи об, ки дар раванди омодагӣ ба Конфронси имрӯза нақши калидӣ дошт, мо Рӯзномаи амали обро муаррифӣ кардем.

Ҳозирини гиромӣ,

Мо ба талошҳои ҳамгироёна дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла зимни татбиқи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милал эълон гардид, идома хоҳем бахшид.

Дар ин замина, соли 2025 мо Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мекунем.

Тоҷикистон, ки дар ҳудудаш шаст фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад, дар доираи раёсати кишвар дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал, талошҳои худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ дар соҳаи об тақвият хоҳад бахшид.

Дар сатҳи миллӣ мо имкониятҳои худро ба он равона месозем, ки то соли 2025 ислоҳоти соҳаи оби кишварро пурра амалӣ намуда, мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои обро ба таври комил ба роҳ монем.

Мо Стратегияи миллии кишварро дар соҳаи об тибқи талабот ва стандартҳои имрӯза таҳия менамоем.

Ҷиҳати дастрасии пурраи аҳолии кишвар бо оби босифати ошомиданӣ ва шароити беҳдошт то соли 2030 Барномаи миллии ҳадафнок таҳия мегардад, ки дар доираи он мо тасмим гирифтем ҳаҷми маблағгузориро зина ба зина ду баробар зиёд намоем.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад ва ин дар ҳолест, ки мо ҳамагӣ панҷ фоизи зарфиятҳои гидроэнергетикии кишварамонро аз худ кардаем.

Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки иқтидори неругоҳҳои барқи обии худро то соли 2050 ду баробар афзоиш дода, дар рушди “иқтисоди сабз” саҳми муносиб гузорем.

Қобили зикр аст, ки ҳоло Тоҷикистон аз рӯйи ҳиссаи истеҳсоли неруи барқ аз захираҳои барқароршавандаи обӣ, яъне тавлиди “энергияи сабз”, дар ҷаҳон дар мақоми шашум қарор дорад.

Дӯстони гиромӣ,

Конфронси имрӯза бояд бештар аз лиҳози мусоидат ба дарки дурусти таҳдидҳо ва мушкилоти соҳа, инчунин, дарёфти роҳҳалҳои муассир ва самарабахш дар таърих сабт гардад.

Дар ин ҷода кӯшишҳои муштарак бояд ба натиҷагириҳои мушаххас ва пайгирии минбаъдаи созишҳои бадастомада равона карда шаванд, то интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин раванд ба таври шоиста амалӣ гарданд.

Бо дарназардошти ин ва ба мақсади назорати пайвастаи раванди амалӣ гардонидани уҳдадориҳои гирифташуда, пешниҳод менамоям, ки Конфронси навбатии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об дар ҷамъбасти Даҳсолаи байналмилалии амали об соли 2028 дар Тоҷикистон баргузор карда шавад.

Ҷиҳати иҷрои амалу уҳдадориҳои мазкур, бахусус татбиқи Рӯзномаи амали об мо пешниҳод менамоем, ки Раванди оби Душанбе ҳамчун платформаи пайгирӣ васеъ истифода карда шавад.

Итминони комил дорам, ки талошҳои дастҷамъона ва уҳдадориву амалҳои нави мо дар доираи ин Конфронс ва татбиқи натиҷаҳои он самараи дилхоҳ хоҳанд дод.

Дӯстони арҷманд,

Об сарчашмаи асосии ҳаёт маҳсуб меёбад.

Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои бузурги оби ошомиданӣ мебошад.

Мо як миқдор обро аз кӯли Сарез, ки дар кӯҳсори Тоҷикистон, дар баландии 3500 метр воқеъ мебошад, бо худ овардем.

Сарез, воқеан, чун намунаи нодири захираҳои оби поку мусаффо, ки аз пиряхҳо ва қуллаҳои барфпӯши ватани мо сарчашма мегирад, метавонад солҳои тӯлонӣ мардуми минтақаи Осиёи Марказиро бо оби ошомидании босифат таъмин намояд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Гутерриш ва шояд баъзе аз ҳозирини гиромӣ зимни сафар ба Тоҷикистон аз ин кӯл ва пиряхҳои мо дидан кардаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки зери таъсири тағйирёбии иқлим ва дигар равандҳои глобалӣ сарчашмаҳои оби ошомиданӣ сол аз сол коҳиш меёбанд.

Барои мисол аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир ҳазортояш пурра аз байн рафтааст.

Бинобар ин, пешниҳод мекунем, ки барои ҳифз ва самаранок истифода бурдани ҳамаи сарчашмаҳои оби ошомиданӣ барномаҳои мушаххаси миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ таҳия ва татбиқ карда шаванд.

Пайгирии ин иқдом, албатта, бо уҳдадориҳои мо дар татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии иқлим ҳамоҳанг буда, ҳамкориҳои судмандро бо тамоми шарикон тақозо менамояд.

Дар зимн бояд механизмҳои боэътимоди муосир барои таъмини об ва мудирияти самараноки масъалаҳои марбут ба об таҳия ва роҳандозӣ гарданд.

Умед дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак мо ба ҳадафҳои мувофиқашудаи байналмилалии марбут ба об ноил хоҳем шуд.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам ва барои натиҷабахш анҷом додани  ҳамоиши имрӯзаамон барори кор мехоҳам!

Ташаккур.