Оштинопазир ва тибқи муқаррароти қонунгузорӣ

№115 (4535) 14.09.2022

Мубориза бо зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм, бояд бо меҳвар қарор додани ин омилҳо тақвият ёбад

Дар воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби зиёди ба терроризму экстремизм рабтдошта нашр ва пахш мешаванд. Ин, албатта, хуб аст, зеро ҳаводиси охири ҷаҳони муосир собит намуд, ки алъон ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳарвақта ба хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ мувоҷеҳ буда, дарёфти роҳу усулҳои нави муқовимат ба онҳо зарур ва ногузир мебошад.

Вале эътироф бояд кард, ки дар аксари матолиби мавриди назар умумигӯӣ ва такрор зиёд буда, огоҳии муаллифон аз моҳияти ­масъала ва набзи ҷомеа мувофиқи мақсад нест. Чун сухан дар бораи мубориза бо терроризму экстремизм равад, далелҳои зиёд мавҷуданд, ки истифодаи онҳо барои нишонрасу таваҷҷуҳбарангез шудани мақола таҳрик мебахшад.

Қабл аз ҳама, бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки оқибатҳои фоҷиабори терроризму ифротгаройиро аз сар гузаронидааст, таи солҳои зиёд дар самти муқовимат ба зуҳуроти мазкур тадбирҳои муассирро роҳандозӣ карда истодааст.

Тоҷику тоҷикистониён солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ «самара»- и ин зуҳуроти номатлубро чашида, кунун муътақиданд, ки «чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?»

Таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор ҳоло беш аз ҳарвақта омили калидӣ ва шарти муҳими эҷоди раванди созандаи рушди устувор мебошад. Аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳӣ дорем, ки миллионҳо нафар дар гӯшаҳои гуногуни дунё, бинобар даргириҳо, азобу машаққат дошта, маҳз терроризму экстремизм боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидааст.

Ба «шарофат»-и истифодаи «меъёрҳои дугона» дар мавқеъгирӣ нисбат ба созмону гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро фаъолияти ин қабил гурӯҳҳо моҳияти фаромарзӣ касб намуда, қариб ҳама давлати ҷаҳонро дар бар гирифт. Дар ин замина, кишварҳое, ки қаблан ба осебнопазир буданашон аз терроризму экстремизм мутмаин буданд, боварӣ ҳосил намуданд, ки терроризми байналмилалӣ ва ифрогаройӣ пояҳои амнияти байналмилалиро заиф гардонида, сабабгори ноустувории вазъ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва таҳдидҳо ба шаҳрвандони одӣ мегарданд.

Барои террористон ҳама гуна арзиши инсонӣ бегона буда, ҳоло ягон давлати дунё аз хавфи амалҳои террористӣ эмин буда наметавонад.

Дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Террористро ба худиву бегона, ислоҳотхоҳу тундгаро ва неку бад ҷудо намудан мумкин нест».

Дар ин раванд мукаммал намудани фазои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм муҳим буда, бидуни он муборизаи оштинопазир ғайриимкон аст. Қобили зикр аст, ки дар ин самт корҳои зиёд ба сомон расидаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки лоиҳаи ин санади меъёрии ҳуқуқӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда буд.

Ҳадафи асосии иқдоми мазкур пурзӯр намудани мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, қатъӣ намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ, амнияти давлат, хиёнат ба давлат, ҳамчунин, рушди соҳибкорӣ, афзун намудани ҳавасмандии андозсупорандагон ва ғанигардонии буҷети давлатӣ мебошад. Аз ҷумла, иловаи қисми 4 моддаи 15-и кодекс амали қонуни ҷиноятиро нисбат ба шахсоне, ки берун аз Тоҷикистон ҷиноят содир намудаанд, мукаммал гардонидааст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо истиқоматкунанда барои ҷинояти содиркардаашон дар давлати хориҷӣ дар ҳолате низ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, ки мутобиқи моддаҳои мушаххаси кодекси мазкур ҷавобгарии ҷиноятӣ маҳз барои дар давлати хориҷӣ содир намудани ҷиноят пешбинӣ гардидааст.

Тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 305 ва 306 ҷавобгарии ҷиноятиро барои кирдорҳои мазкур тақвият бахшида, дар радифи дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин такроран, аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ, бо истифода аз мақоми хизматӣ, дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг, дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир кардани хиёнат ба давлат, бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимиятро ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷиноятҳои мазкур муқаррар мекунанд ва ҷазо барои ин ҷиноятҳо сангинтар шудааст.

Ба шарофати тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 307, 3071 ва 3073 низ меъёрҳои моддаҳои мазкур такмил ёфтанд. Мусоидат ба даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет, содир кардани даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти ифротгаройӣ ва ташкили фаъолияти ташкилоти ифротгаро ҳолатҳои вазнинкунанда, такроран, дар ҳолати ретсидивисти хавфнок ва махсусан хавфнок содир кардани кирдорҳои мазкур ҳолатҳои махсусан вазнинкунандаи ҷавобгарии ҷиноятӣ ба ин навъ ҷиноятҳо баҳодиҳӣ мешаванд.

Аз қисми 6 моддаи 49 кодекси зикршуда хориҷ намудани моддаҳои 291, 292 ва 293 кодекси мазкур имконият медиҳад нисбат ба шахсоне, ки ҷиноятҳои дар моддаҳои зикр­гардида пешбинишуда, яъне саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ, супоридани андоз ва дигар пардохтҳоро содир кардаанд, ҷазоҳои қонунгузории ҷиноятӣ пешбининамуда дар асосҳои умумӣ таъин шаванд.

Тағйироту иловаҳо ба моддаҳои 291, 292 ва 293 низ меъёрҳои моддаҳои мазкурро мушаххас гардонида, барои рушди соҳибкорӣ заминаи мусоиди ҳуқуқӣ мегузоранд, ҳавасмандии андозсупорандагонро зиёд мекунанд ва барои ғанигардонии буҷети давлатӣ мусоидат мекунанд.

Хориҷ карда шудани калимаҳои «дар ҳолати мавҷуд будани шартҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинигардида,» аз қисми 2 моддаи 72 кодекси мавриди назар имконият медиҳад шахсоне, ки категорияҳои дигари ҷиноят, яъне ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир намудаанд, новобаста баъд аз содир намудани ҷиноят ихтиёран ба мақоми дахлдор омадан, ба гуноҳи худ иқрор шудан, агар онҳо барои ошкор намудани ҷиноят фаъолона мусоидат намоянд, зарари расонидаашонро талофӣ ё онро бо роҳи дигар рафъ намоянд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Ҳоло вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбатан муташанниҷ буда, муборизаи ошкору ниҳонӣ, ки аз бархӯрди манфиатҳо маншаъ мегирад, байни абарқудратҳо шиддат ёфтааст. Дар робита ба ин, тавсеа додани шарҳу тавзеҳи онҳо тавассути вохӯриҳо ва аз тариқи воситаҳои ахбори омма муфид аст.

Хеле муҳим аст, то мардум доир ба моҳият ва мазмуни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маълумоти кофӣ дошта бошанд, зеро баъзан огоҳии комил надоштан аз ин ҷанбаҳо ва муносибати дуюмдараҷа зоҳир намудан ба пайомадҳои ногувор боис мегардад.

Далер АБДУЛЛО,

 «Садои мардум»