24-уми декабри соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардида, айни замон мавриди амал қарор дорад.
Мутолиаи қонуни мазкур хонандаро ба воқеияти ҳаёти имрӯза, таҳлили сабабҳои қабули он водор месозад. Пӯшида нест, ки имрӯзҳо сатҳи маърифату маданияти шаҳрвандонамон, хусусан ҷавонон, мактаббачагон, кормандони соҳаҳои гуногуни кишвар, ҳатто дар мактабҳои олӣ ба дараҷаест, ки нигаронии ҷомеаро ба миён овардааст. Ин на танҳо падидаи ҷумҳурии мо, балки хоси аксар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.
Дар ин замина ҳар як фард дар мадди аввал бояд манфиати давлату миллатро ба назар гирад, ғурури миллӣ дошта бошад. Ҳисси ватандорию миллатдӯстиро баланд нигоҳ дорад. Танҳо ба умеди он шудан, ки иҷрои ҳама мушкилӣ масъулияти роҳбарияти давлат аст, ғалат буда, ин гуна муносибат ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ мусоидат нахоҳад кард. Дар ҷумҳурӣ дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт шахсиятҳое ҳастанд, ки боиси ифтихор ва дар зиндагӣ намунаи ибрат шаванд.
Дар ин маврид ёдовар шудан аз зиндагиномаи яке аз ҳуқуқдонҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, Корманди фахрии мақомоти прокуратура, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, дорандаи унвони «Муфаттиши беҳтарини Прокуратураи СССР», собиқ муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Комиссияи оштии миллӣ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳақназар Шодиев бамаврид аст.
Роҳи ҳаётии ӯ аз ноҳияи Фархор, ки бо дастгирии бародари калониаш Абдулло оғоз ёфта, то ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расидааст, шоёни намунаву таҳсин аст.
Қаҳрамони матлаб умри кӯтоҳро бо масъулияти баланди инсонӣ, ҳамчун мутахассиси баландпояву устоди ҷавонони соҳа, ростгӯву ростқавл ва адолатпарвару содиқ ба Ватану халқи кишвар паси сар кард.
Дареғо, ки 1-уми декабри соли 2008 риштаи умраш дар синни 59 — солагӣ канда шуд.
Шиносоии мо ғоибона, солҳои 80-уми асри гузашта, ҳангоми дар вазифаи сардори шуъбаи ҳуқуқи Сарраёсати суғуртаи Вазорати молияи ҷумҳурӣ адои вазифа кардан, оғоз ёфт. Баъд аз адои санҷиши пардохти маблағҳои калони суғуртавӣ дар ноҳияи Фархор мавод оид ба ғайриқонунӣ сурат гирифтани амалиёти пардохтӣ ба прокуратураи вилояти ҳамонвақтаи Кӯлоб барои чорабинӣ ирсол шуд. Зиддиятҳо бисёр буданд, баъзе аз ашхоси манфиатҷӯ умед доштанд, ки мавод бозпас мегардад. Вале, пас аз чанд вақт аз прокуратураи мазкур мактуби ҷавобӣ бо имзои сардори шуъбаи тафтишотии прокуратура Ҳ. Шодиев ворид шуд. Дар он омада буд, ки бо сабаби дар кирдорҳои шахсони мансабдори Инспексияи суғуртаи ноҳияи Фархор мавҷуд будани нишонаҳои ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакии он ба ШКД супорида шуд. Бояд гуфт, ки шахсони манфиатҷӯ дар рафти тафтишоти пешакӣ ҳам зиддият нишон дода, аз ҷавобгарӣ халос шудан мехостанд. Маҳз масъулияти касбии номбурда боиси ба охир расонидани ин қазия гардид. Бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, барои муносибати объективона дар ин қазия миннатдорӣ кардам, вале ӯ бо як солорӣ «ин вазифаи мост, ба шумо ташаккур, ки ин камбудиҳоро ошкор кардед», — гӯён ба суҳбат нуқта гузошт.
Бо гузашти солҳо, бо амри тақдир фаъолияти минбаъдаи ман дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ идома ёфта, қариб 10 сол ҳар ду дар утоқҳои кории ҳамшафат кор мекардем ва дӯстию бародарӣ доштем. Ӯ фарзандонашро дӯст медошт, вале дар тарбияташон сахтгир буд. Бо зердастон боадолатона ва сахтгирона муносибат дошт. Дар давоми ин солҳо боре нашудааст, ки ба кор аз соати 7-и пагоҳӣ дер омада бошем. Одатан ҳар пагоҳӣ кори мо аз раду бадал намудани фикру андешаҳо перомуни навигариҳо дар самти фаъолият, аз назар гузаронидани адабиёти даврии ба соҳа алоқаманд шурӯъ мешуд. Таҷрибаи бои ҳаётӣ ва касбияш ӯро соҳибэҳтиром карда буд. Дар баробари ин ӯ аз пурсидану фаҳмидани фикри мусоҳибаш ҳазар надошт. Дар бораи фаъолият дар Комиссияи оштии миллӣ сухани зиёд намезад. Танҳо аз дурандешии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми гуфтушунидҳо бофахр ёдовар мешуд.
Поквиҷдонӣ, пайваста мутолиа кардани адабиёти ҳуқуқӣ, омӯхтани қонунҳои нав қабулшуда, пурра, холисона ва ҳаматарафа гузаронидани санҷиши муроҷиатҳои шаҳрвандону тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, истодагарӣ карда тавонистан дар нуқтаи назари худ ва дигар гуфтору рафтору кирдори хуби Ҳақназар Шодиев, тавре яке аз дӯстонаш, мушовири давлатии адлияи дараҷаи се С. Ҷамолов ёдоварӣ менамояд, ӯро сазовори номи прокурори идеалӣ карда буданд.
Соли 1996 ҳангоми вохӯрӣ ва мулоқот бо кормандони соҳа Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ба ӯ супоридани мукофоти давлатӣ (орден) ба соҳибкасбиаш таъкид кардаанд ва номбурда аз ин ифтихор дошт.
Корманди ҳамонвақта ҷавони соҳа Суннатулло Мирзоев ёдовар шуда буд, ки ҳангоми мактабхонӣ бо виқори хоса ба кор омадану аз кор рафтани Ҳақназар Шодиевро дида (он вақт шодравон прокурори ноҳияи Ховалинг будаанд), дар дил орзу дошт, ки дар оянда ҳатман корманди ин мақомот хоҳад шуд. Ҳоло номбурда сарбаландона дар ин мақомот кору фаъолият намуда, айни ҳол худ прокурори ин ноҳия мебошад.
Агар умр вафо мекарду риштаи ҳаёташ ба таври ногаҳонӣ канда намешуд, 15-уми феврали соли ҷорӣ Ҳақназар Шодиев 74 — сола мешуд.
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Исматулло ХОЛНИЁЗОВ,
Корманди фахрии мақомоти прокуратура