ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2025»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» аз 7 декабри соли 2024 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2024, №12, мод. 786; с. 2025, №2, мод. 125; №3-4, мод. 242) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 3 моддаи 19 хориҷ карда шуда, қисмҳои 4-12 мувофиқан қисмҳои 3-11 ҳисобида шаванд.
2. Моддаи 201 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 201. Муқаррарот оид ба давраи пардохтҳо аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсус
1. Пардохти ҳатмӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ, ки дар моддаҳои 19 ва 20 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ҳар моҳ то санаи 10 баъд аз моҳи ҳисоботӣ амалӣ карда мешаванд.
2. Дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда пардохт нагардидани маблағи дар моддаи мазкур пешбинигардида Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он аз суратҳисоби махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ онро бо роҳи анҷом додани амалиётҳои дохилӣ ба таври худкор ба буҷет ва суратҳисоби дахлдор мегузаронанд».
3. Дар қисми 3 моддаи 24 калимаҳои «суратҳисоби алоҳидаи дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «суратҳисоби мазкури дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «суратҳисоби алоҳидаи андӯхтии буҷети давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 31 октябри соли 2025, №2202
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 15 октябри соли 2025, №200
