https://sadoimardum.tj

Иштироки вакилон дар Конфронси СММ

№:148 (5200), 23 ноя 2026, 16:04
0

Рӯзҳои 8-14 ноябри соли 2026 дар шаҳри Анталияи Туркия Конфронси тарафҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР31) баргузор гардид, ки дар доираи он раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Амирзода ва муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Фирдавс Саидзода дар сессияи муҳокимаи панелии сатҳи баланд - «Такони парламентӣ барои гузариши иқтисоди даврӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур Ориф Амирзода дар мавзуи «Нақши қонунгузории миллӣ дар рушди иқтисоди даврӣ дар Тоҷикистон» баромад намуд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои гузариш ба энергетикаи тоза, амнияти озуқаворӣ, рушди шаҳрҳои ба тағйирёбии иқлим тобовар, саноатикунонии «сабз», коҳиш додани партовҳо, ҳифзи уқёнусҳо ва баҳрҳо, инчунин, рушди низомҳои устувори тандурустӣ баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: