https://sadoimardum.tj

20-солагии АП СААД таҷлил шуд

№:148 (5200), 23 ноя 2026, 15:52
0

Дар шаҳри Москва ба муносибати 20-солагии таъсисёбии Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) конференсияи байналмилалӣ доир шуд, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Насрулло Маҳмудзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба таъмини субот ва ам­ният дар сарҳадҳои ҷанубии созмон ҷалб кард. Нас­рулло Маҳмуд­зода ба вазъи кунунии Афғонис­тон, ки ҳамоно яке аз омилҳои ҳассоси амниятӣ барои минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Дар меҳвари суханронӣ ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон қарор дошт.

Зикр гардид, ки тайи ду-се соли охир бо мақсади таҳкими амнияти кишвар дар Тоҷикистон беш аз 80 дидбонгоҳи нави сарҳадӣ бунёд гардида, онҳо бо техникаи муосир ва инфрасохтори зарурӣ муҷаҳҳаз шудаанд.

Насрулло Маҳмудзода зарурати тақвияти ҳамкориҳои муштаракро таъкид намуда, изҳор дошт: «Танҳо талошҳои Тоҷикистон барои таъмини боэътимоди ҳифзи сарҳад кофӣ нест». Дар ин замина, ӯ аз кишварҳои узви СААД даъват ба амал овард, ки уҳдадориҳои худро дар доираи Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки 28-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Остона тасдиқ гардидааст, сари вақт ва пурра иҷро намоянд.

Ҳамзамон, ӯ изҳори итминон кард, ки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД дар соли 2027 идомаи мантиқии фаъолияти муштарак, таҳкими ҳамкориҳо ва тақвияти эътимоди мутақобилаи давлатҳои узв хоҳад гардид.

Ҳамчунин дигар маводҳо: