https://sadoimardum.tj

Таҷлили Рӯзи Президент дар Маҷлиси намояндагон

№:147 (5199), 18 ноя 2026, 14:21
6

Шонздаҳуми ноябри соли 2026 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

- Рӯзи Президент дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи муҳими сиёсиву давлатӣ мавқеи хос дошта, таҷассумгари эҳтиром ба арзишҳои давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеа мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаҳои ташаккули низоми идоракунии давлатӣ, фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инчунин, дигар ниҳодҳои муҳими давлатӣ рушд ёфтанд. Таъсиси Артиши миллӣ, ташаккули рамзҳои давлатӣ, ба муомилот баромадани пули миллӣ ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи равандҳои муҳими давлатсозӣ ба шумор мераванд. Дар ин раванд саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои созандаву татбиқи сиёсати босамар баҳри таҳкими давлатдорӣ, барқарорсозии сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва густариши робитаҳои хориҷӣ ниҳоят бузург аст, - изҳор дошт Файзалӣ Идизода зимни суханронӣ.

Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, маҳз бо роҳбарии хирадмандонаву дурбинонаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори Тоҷикистони навин гузошта шуд ва бо меҳнати софдилонаву содиқона ва кору фаъолияти созандаву ободгаронаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони биҳиштосо барои ҳар як фарди кишвар зиндагии шоиста, рӯзгори обод ва ҷомеаи хушбахт бунёд карда шуд.

Хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фароҳам овардани сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати навини тоҷикон, рушди устувори ҳама соҳаҳо, бахусус, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии миллию давлатӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон дар кору пайкори созандаву пурсамари Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза эҳсос менамоянд.

Ташаббусҳои башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тамоми аҳли башар нигаронида шудаанд, нақши бориз ва нуфузи Пешвои миллати моро ҳамчун абармарди ҷаҳони сиёсату инсони адолатпеша беш аз пеш дар арсаи ҷаҳон муассиру маҳбубтар мегардонад.

- Мо - вакилон ҳамчун намоян­дагони мардум ва иштирокдорони раванди қонунгузорӣ вазифадорем, ки бо шукргузорӣ аз ­дастовардҳои Тоҷикистони соҳиб­истиқлол бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва садоқат ба давлату миллат дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, баланд бардоштани сифати қонунҳо ва таъмини иҷрои онҳо саҳми муносиб гузорем ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон талош намоем, - таъкид кард Файзалӣ Идизода дар фарҷоми ҳамоиш.

Зимни маҷлиси тантанавӣ, ҳамчунин, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Илҳом Камолзода, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Сурайё Дӯстмуродзода ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сиёвуш Наботзода оид ба нақши идоракунии президентӣ, саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи давлатдории миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, расидан ба ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот, рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои беназиру таърихии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон Фарзона Хоҷазода, Зарафо Қиём­зода ва муовини мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Занҷирамо Нуруллозода ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шеъру суханони нек ҳозиринро табрик гуфтанд.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ

Ҳамчунин дигар маводҳо: