Муҳокимаи парламентӣ
Вакилон иҷрои Қонуни буҷет дар 9 моҳи соли 2026-ро муҳокима карданд
Нуздаҳуми ноябри соли 2026 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Шермуҳаммад Шоҳиён оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» дар 9 моҳи соли 2026 муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Палатаи ҳисоб, Бонки миллӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.
Шермуҳаммад Шоҳиён изҳор дошт, ки буҷет нақшаи асосии молиявии давлатӣ буда, ба таъмини рушди ҳама соҳаҳои иқтисодии кишвар, маблағгузории самтҳои иҷтимоӣ, пардохти музди меҳнат, нафақа, кумакпулиҳо, таъмини иҷрои барномаю нақшаҳои қабулшуда равона гардидааст. Аз иҷрои сифатноки буҷети давлатӣ рушду таҳкими иқтидори иқтисодию иҷтимоии давлат, амалишавии ҳадафҳои стратегии миллӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон вобаста мебошад. Дар ин замина, иҷрои саривақтии нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ, таъмини пурраи қисми даромади он, истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирии хароҷоти ғайринақшавӣ ва таҳкими интизоми молиявӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мақомоти дахлдори давлатӣ ба шумор мераванд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашурзода доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» дар 9 моҳи соли 2026 маърӯза кард. Бино ба гуфти ӯ, дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини некуаҳволии мардум ва рушди устувори иқтисоди миллӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, натиҷаҳои иҷрои буҷет дар нуҳ моҳи соли 2026, пеш аз ҳама, аз лиҳози фароҳам овардани имконияти молиявӣ барои дастгирии аҳолӣ ва идомаи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ аҳамияти хоса доранд.
- Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба буҷети давлатӣ 57,1 миллиард сомонӣ ворид гардида, нақшаи қисми даромад 114,9 фоиз иҷро шудааст. Воридот аз нақша 14,9 фоиз ё 7,4 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ин натиҷа имконияти молиявии давлатро барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор ва татбиқи барномаҳои иқтисодӣ васеъ намуда, барои маблағгузории афзалиятҳои кишвар заминаи иловагӣ фароҳам овардааст.
Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 136,2 миллиард сомонӣ расида, афзоиши он 8,3 фоизро ташкил додааст. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 13,7 фоиз, аз ҷумла дар саноати коркард 21,5 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзуд. Ин нишондиҳандаҳо аз рушди соҳаҳои истеҳсолӣ ва васеъ гардидани заминаи иқтисодии ташаккули даромадҳои буҷет шаҳодат медиҳанд,- зикр кард номбурда.
Ғиёсиддин Ашурзода дар таъмини қисми даромади буҷет фаъолияти мақомоти андоз ва гумрукро назаррас арзёбӣ кард. Тавре ӯ изҳор дошт, дар давраи мавриди назар тавассути мақомоти андоз 26,6 миллиард сомонӣ ворид гардида, нақша 124,4 фоиз иҷро шуд. Воридоти пардохтҳои гумрукӣ бошад, 12,3 миллиард сомониро ташкил дода, иҷрои нақша ба 111,7 фоиз расид.
- Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ низ натиҷаҳои мусбат ба даст омадаанд. Ба буҷети ҷумҳуриявӣ 29,2 миллиард сомонӣ ворид шуда, нақша 116,9 фоиз иҷро гардид. Даромади буҷетҳои маҳаллӣ ба 12,8 миллиард сомонӣ расида, иҷрои нақша 117,5 фоизро ташкил дод. Воридот ба буҷетҳои маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Афзоиши имконияти молиявии маҳалҳо барои фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ, ободонии шаҳру ноҳияҳо ва маблағгузории эҳтиёҷоти аҳолӣ аҳаммияти хос дорад, - гуфт ӯ.
Вобаста ба натиҷаи фаъолияти Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зикр шуд, ки дар нуҳ моҳи соли 2026 дар натиҷаи санҷишҳои Палатаи ҳисоб 399,2 миллион сомонӣ барқарор гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар натиҷаи фаъолияти агентӣ бошад, 417,4 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шудааст.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зикр кард, ки бо пешбурди сиёсати ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд дар аксари соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла дар самти ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, афзоиши даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ, бахусус беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, таъмин гардид.
- Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад ба буҷети давлатӣ 57,1 млрд. сомонӣ ворид шуд. Нақшаи даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ дар сатҳи 114,5 фоиз таъмин ва ба буҷети мазкур 2,6 млрд. сомонӣ ворид карда шуд. Инчунин, ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ 2,7 млрд. сомонӣ пардохтҳои иҷтимоӣ интиқол дода шудааст. Дар ин давра ба суратҳисоби махсуси ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои пулакӣ 3,3 млрд. сомонӣ ворид гардид, - изҳор дошт вазир.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ҷалбшуда дар давраи ҳисоботӣ 9,2 млрд. сомонӣ аз худ гардидааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 1,1 млрд. сомонӣ зиёд буда, он ба 113,6 фоизи нақша баробар мебошад. Аз маблағи зикршуда 5,3 млрд. сомониро грант ва 3,9 млрд. сомониро қарз ташкил медиҳад.
Зикр шуд, ки моҳҳои январ - сентябри соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ 100 млн. доллари амрикоӣ грант аз Бонки ҷаҳонӣ дар доираи татбиқи «Барномаи Тоҷикистони рақобатпазир ва фарогир» ҷалб гардид.
Таъкид шуд, ки ташаккули маҷмуии қисми даромади буҷети давлатӣ имкон дод, то нишондиҳандаҳои алоҳидаи он, аз ҷумла буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ низ, дар сатҳи устувор таъмин карда шаванд.
Вобаста ба хароҷоти буҷети давлатӣ иттилоъ дода шуд, ки ин раванд дар доираи нақшаи пешбинигардида, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат, таъмини пурраи уҳдадориҳои давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хизматрасонии қарзи дохилию беруна ва дигар уҳдадориҳои молиявӣ дар назди созмонҳои байнамилалӣ амалӣ гардид.
- Моҳҳои январ - сентябри соли 2026 барои маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёти кишвар 49,1 млрд. сомонӣ равона шуд, ки аз рӯйи сохтори сарчашмаҳои маблағгузорӣ, 37,3 млрд. сомонии он ба маблағҳои буҷетӣ, 2,6 млрд. сомонӣ маблағҳои махсуси ташкилоти буҷетӣ ва 9,2 млрд. сомонӣ ба лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ рост меояд. Хароҷоти буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ - сентябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 10,7 млрд. сомонӣ зиёд мебошад, - гуфт вазири молия.
Ҳамчунин, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода, муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Талбакзода доир ба раванди иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» дар 9 моҳи соли 2026 маълумот пешниҳод карданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар доираи масъалаи баррасишаванда саволҳо дода, аз масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.
Бо назардошти таклифу дархост ва пешниҳодҳои иброзгардида қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парлумонӣ қабул шуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
