Равобити парлумонии Тоҷикистону ИА муҳокима шуд
19-уми ноябри соли 2026 дар шаҳри Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.
Дар ин нишаст ҳайати парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва ҷониби Парламенти Иттиҳоди Аврупоро раиси ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо оид ба равобит бо Осиёи Марказӣ ва Муғулистон Ҷузеппина Принчӣ роҳбарӣ карданд.
Дар рафти ҷаласа ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзори байнипарлумонӣ баррасӣ гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳ ба Созишномаи тавсеаи шарикӣ ва ҳамкорӣ (EPCA) ва муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, робитаҳои фарҳангию иҷтимоӣ, мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ, сиёсати муҳити зист, ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика, соҳаҳои алоқа, нақлиёт, инфрасохтор, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонунро муҳокима намуданд.
Мавсума Муинӣ зимни суханронӣ иброз намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Иттиҳоди Аврупо аҳамияти махсус зоҳир менамоянд. Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики муҳими байналмилалии худ дониста, саъй мекунад, ки ҳамкориҳои дарозмуддат ва устуворро дар асоси принсипҳои мутақобила муфид инкишоф диҳад.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
