Азиз Гиёзода дар конфронси байналмилалӣ иштирок кард
Рӯзҳои 17 - 18-уми ноябри соли 2026 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар мавзуи «Нақши парламентҳо дар таҳкими ҳуқуқи байналмилалӣ ҷиҳати мусоидат ба муколама, эътимод ва амният дар минтақаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода иштирок кард.
Азиз Гиёзода зимни суханронӣ аз ҷумла, зикр намуд, ки сулҳи пойдор бе суботи сиёсӣ имконнопазир аст, шукуфоии иқтисодӣ бе амнияти экологӣ таъмин намегардад ва суботи ҷомеа бе эҳтироми ҳуқуқи инсон, таҳкими ниҳодҳои ҳуқуқӣ ва рушди иқтидори инсонӣ ғайриимкон мебошад.
- Маҳз чунин муносибати фарогир дар заминаи се ченаки фаъолияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) қарор дорад. Мо бар онем, ки рушди пайгирона ва мутавозини ин се ченак бояд ба яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории Ассамблеяи парламентии САҲА бо парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Кишварҳои ҳамсоя дар сиёсати хориҷии давлати мо мақоми афзалиятнокро ишғол менамоянд. Мо ҳамеша ҷонибдори ҳифз ва рушди минбаъдаи анъанаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоиштаи халқҳои минтақа мебошем, - афзуд Азиз Гиёзода.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
