https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

16 май 2025, 15:46
29

Моддаи 1. Ба моддаи 325 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 23 декабри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, № 12, қ. 1, мод. 681; с. 2022, № 1, 2-3, мод. 18, № 12, қ. 2, мод. 774; с. 2023, № 1-3, мод. 8, № 11, мод. 472; с. 2024, № 5-6, мод. 267, с. 2025, № 2, мод. 112; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, № 2158; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, № 2159; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, № 2160; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, №2161) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд: 

- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: 

«- аз 1 июни соли 2025 – 8 фоиз (нисбат ба калоба ва ресмони пахтагин, риштаи абрешимӣ – 4 фоиз);»; 

- дар сархати сеюм рақам ва калимаи «6 фоиз» ба рақам ва калимаҳои «10 фоиз (нисбат ба калоба ва ресмони пахтагин, риштаи абрешимӣ – 6 фоиз)» иваз карда шаванд. 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 14 майи соли 2025, №2168


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 13 майи соли 2025, №46


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» 

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад. 

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА

ш. Душанбе, 5 майи соли 2025, №95