https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

16 май 2025, 15:49
29

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275, №7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, №1, мод. 9, №5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, №1, мод. 8, №6, мод. 312, мод. 313, №7, мод. 464; с. 2020, №1,  мод. 6, №7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, №12, мод. 900, мод. 901; с. 2021, №6, мод. 384, мод. 385, №12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689; с. 2022, №1-3, мод. 12, №7, мод. 443, №12, қ. 2, мод. 768; с. 2023, №4-6, мод. 155, №11, мод. 459; с. 2024, №1-2, мод. 3, мод. 4, №5-6, мод. 253, №7-11, мод. 518, мод. 519; с. 2025, №1, мод. 4; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷики-стон аз 15 апрели соли 2025, №2164) моддаи 6061 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 6061. Риоя накардани тартиби рамзгузории электронии молҳо аз ҷониби иштирокдорони му-омилоти молҳо ва операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо

1. Барои риоя накардани тартиби рамзгузории электронии молҳо аз ҷониби иштирокдорони муомилоти молҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон,-

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ, соҳибкорони инфиродӣ аз чил то панҷоҳ ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

 2. Барои саркашӣ намудан аз рамзгузории электронии молҳо, бе рамзгузории электронии молҳо ба фурӯш баровардани молҳо ё қалбакӣ омода намудани рамзгузории молҳо,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, соҳибкорони инфиродӣ аз панҷоҳ то шаст ва шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда ме-шавад.

3. Барои риоя накардани тартиби рамзгузории электронии молҳо аз ҷониби операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо,-

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то шаст ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ ни-шондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

4. Барои такроран содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то панҷоҳ, шахсони мансабдор аз шаст то ҳаштод, соҳибкорони инфи-родӣ аз сад то яксаду бист ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду сӣ то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷари-ма таъин карда мешавад.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 14 майи соли 2025, №2170


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 13 майи соли 2025, №39


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ф. ИДИЗОДА

ш. Душанбе, 23 апрели соли 2025, №89