ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Дар ҷумлаи якуми қисми 5 моддаи 293 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри со-ли 2022 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2022, №12, қ. 1, қ. 2, мод. 757; с. 2024, №7-11, мод. 521) калимаҳои «бо талаби он аз ҷониби суд» ба калимаҳои «дар асоси аризаи ӯ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2025, №2171
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷики-стон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 13 майи соли 2025, №38
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷики-стон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 23 апрели соли 2025, №85