https://sadoimardum.tj

Номаи табрикӣ

№:147 (5199), 18 ноя 2026, 14:18
5

12-уми ноябри соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ­Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Сагиба Алӣ гизӣ Гафарова номаи таб­рикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Сагиба Алӣ гизӣ,

Табрикоти самимонаи маро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон бипазиред.

Қабули Конститутсия марҳилаи нави рушди Ҷумҳурии Озарбойҷонро оғоз бахшида, принсипҳои асосии сохтори давлатдорӣ, кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, инчунин, заминаҳои ҳуқуқии рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии кишварро муайян намуд.

Мо ба рушди муносибатҳои дӯстона ва таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ миёни кишварҳоямон, ки ҷузъи муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон ба шумор мераванд, аҳамияти хоса медиҳем.

Итминон дорам, ки муколамаи созандаи сиёсӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ ба таъмиқи минбаъдаи шарикии стратегӣ мусоидат хоҳанд кард.

Ба Шумо, муҳтарам Сагиба Алӣ гизӣ, саломатии қавӣ, некуаҳволӣ, дар фаъолиятатон комёбиҳо ва ба мардуми Озарбойҷон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям».

Ҳамчунин дигар маводҳо: