Иштироки вакилон дар анҷумани 13-уми ICAPP
Дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея анҷумани 13-уми Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсии Осиё (ICAPP) таҳти унвони «Эътимодро дар ҷаҳони тағйирёбанда аз нав таҳким бахшем» баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои агарарӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашурзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Шаҳбози Аброр, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлати ва худидоракунии маҳаллӣ Ғулом Ҳалимзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои агарарӣ, захираҳои об ва замин Нуралӣ Ниёзӣ иштирок карданд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои таҳкими сулҳу субот, эътимоди мутақобила, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди муколамаи байниҳизбӣ, истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ ва тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, дар ҳошияи чорабинӣ мулоқоту табодули афкор бо намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои гуногун сурат гирифта, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуданд.
Дар анҷуман Эъломияи Сеул қабул гардид, ки самтҳои асосии ҳамкориҳои минбаъдаи ҳизбҳои сиёсиро муайян менамояд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
