Ҳамоиши идона ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Чоруми ноябри соли 2026 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.
Файзалӣ Идизода ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи муҳим ва сарнавиштсоз ба шумор меравад. Ин санади олии ҳуқуқӣ заминаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷти-моии рушди давлати соҳибистиқлоли моро муайян намуда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, прин
сипҳои ташкили ҳокимияти давлатиро муқаррар кард.
- Ин санади муҳиму тақдирсози миллат, ки бо талошҳои хастанопазир ва ташаббусҳои оқилонаву дурбино-наи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар таҳия ва қабул гардид, барои ба эътидол овардани вазъияти но-ороми он замон, таъмини суботи ҷомеа, ризоияту ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон заминаҳои воқеӣ фароҳам овард.
Замоне ки Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони бисёр шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт, бо ташаббуси бевосита, хиради волову қобилияти дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани чунин як санад бо тарзу усул ва мазмуну моҳияти ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир барои аз вартаи нобасомониҳо берун кашидани кишвар ва наҷоти миллат нақши басо муассир бозид,- изҳор дошт Файзалӣ Идизода.
Зикр гардид, ки яке аз арзишҳои муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва кафолат додани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Ҳифзи шаъну шарафи инсон, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, ҳуқуқ ба таҳсил, меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ аз ҷум-лаи масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар ҷойгоҳи хос доранд. «Дар ин раванд, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми қонунгузор дар таҳия ва қабули қонунҳое, ки ба такмили низоми ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат мусоидат мекунанд, нақши муҳим дорад. Вазифаи мо - вакилон аз он иборат аст, ки зимни фаъолияти қонунгузорӣ манфиатҳои давлату миллат ва ниёзҳои воқеии шаҳрвандонро ба назар гирифта, ба-рои таҳкими волоияти қонун, рушди устувори кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳм гу-зорем», - гуфт Файзалӣ Идизода.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин, вакилони Маҷлиси намояндагон Нилуфар Имомзода, Азизбек Хайриддинзода ва Асадулло Наҷмиддиниён доир ба моҳият, аҳамият ва мақому ҷойгоҳи Конститутсия дар рушди давлатдории муосири миллӣ маърӯза намуданд.
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
